Тоҷикистон фаъолияти гуруҳҳои террористиро дар Афғонистон хатари ҷиддӣ ба минтақа хонд

Намояндаи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон истифодаи фазои иттилоотӣ аз ҷониби тундгароёнро мояи нигаронии дигар хонд, ки ақидаҳои харобиоварро паҳн мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Гурӯҳҳои террористии байналмилалӣ метавонанд аз қаламрави Афғонистон барои ноором кардани вазъ дар Осиёи Марказӣ истифода кунанд.
Дар ин бора муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода зимни суханронӣ дар нишасти пленарии сатҳи баланд дар Конфронси байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё изҳор дошт.
"Фаъолияти гурӯҳҳои террористии байналмиллалӣ боиси нигаронии ҷиддӣ аст. Хатари истифода аз қаламрави Афғонистон барои ноором кардани субот дар кишварҳои ҳамсоя боқӣ мемонад", - изҳор дошт намояндаи вазорати корҳои хориҷӣ.
Вай бори дигар таъкид кард, ки Тоҷикистон пайваста аз Афғонистони ором, босубот ва шукуфон пуштибонӣ мекунад.
Дар ҳамин ҳол, Шарифзода таъкид кард, ки масъалаи Афғонистон авлавияти рӯзномаи минтақаӣ ва ҷаҳонӣ боқӣ мемонад.
Муовини вазир қайд кард, ки чолишҳои муосир, аз қабили терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои фаромиллӣ хусусияти ба ҳам алоқаманд ва фаромарзӣ пайдо мекунанд.
Волии Балхи Афғонистон бо Саймумин Ятимов мулоқот кардааст
"Фазои иттилоотӣ мояи нигаронии изофӣ, аз ҷумла густариши ақидаҳои тундгароёнаи харобиовар аст, ки суботи ҷомеа ва эътимоди байнидавлатиро халалдор мекунад", - гуфт ӯ ва афзуд, ки густариши идеологияи радикалӣ дар миёни ҷавонон махсусан нигаронкунанда аст.
Дар ин робита, Тоҷикистон ба роҳандозии ҳамкориҳо миёни ниҳодҳои дахлдор, табодули иттилоот ва ҳамоҳангсозии амалҳои муштарак дар платформаҳои минтақавию байналмилалӣ аҳамияти хоса медиҳад, гуфт Шарифзода.