ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Нерӯҳои дифоъи ҳавоӣ шабона 100 ҳавопаймои бесарнишини Украинаро дар фазои қаламрави Русия нобуд карданд.
Дар ин бора, Вазорати дифои Русия хабар додааст.
"Давоми шаби гузашта, системаҳои дифоъи ҳавоӣ, ки дар навбат буданд, 100 ҳавопаймои бесарнишини украиниро боздошт ва нобуд карданд", - омадааст дар гузориш.
Ҳамин тавр, нерӯҳои Русия:
46 ҳавопаймои бесарнишин дар вилояти Брянск;
12 дар вилояти Калуга;
ҳашт дар вилояти Белгород;
ҳафт дар вилояти Краснодар;
шаш дар вилояти Маскав, аз ҷумла чор ҳавопаймо ба самти пойтахт парвоз мекарданд;
чор дар вилояти Уляновск;
сето дар Қрим ва Ҷумҳурии Марий Эл;
дуто дар минтақаи Ставропол;
яктоӣ дар вилоёти Курск, Смоленск ва Тула.
Дар посух ба ҳамлаҳои нерӯҳои Украина, нерӯҳои Русия танҳо ба иншооти низомӣ ва корхонаҳои саноати дифоъии Украина бо силоҳҳои ҳавоӣ, баҳрӣ ва заминии дақиқ, инчунин ҳавопаймоҳои бесарнишин зарба мезананд.
Амалиёти вижа дар Украина
Русия оғоз аз 24-уми феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ мебарад. Владимир Путин, президенти Русия, рисолати худро "ҳифозати одамоне, ки тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.
Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Кишварҳои ғарбӣ даст доштан дар даргириҳои Украинаро расман рад мекунанд, вале ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина бо силоҳ идома медиҳанд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли аслиҳа ба Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд.
Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд". Дар ҳамин ҳол, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор доштааст, аммо Киев барои музокирот мамнӯъияти қонунӣ ҷорӣ кардааст.