Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

ХИХ: Фаронса омода аст тақрибан 2000 сарбозашро ба Украина эъзом кунад

Нерӯҳои фаронсавӣ алакай ба манотиқи ҳаммарзи Лаҳистон бо Украина мустақар шудаанд, ки дар он ҷо тамрини ҷангӣ мегузаранд, хабар медиҳад Хадамоти истихбороти хориҷии Русия
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Фаронса қасд дорад як гуруҳи тақрибан 2000 сарбозашро ба Украина эъзом кунад.
Дар ин бора Хадамоти истихбороти хориҷии Русия хабар додааст.
"Пояи сохторро нерӯҳои ҳамлагари легионҳои хориҷии Фаронса, пеш аз ҳама аз кишварҳои Амрикои Лотинӣ ташкил хоҳанд дод",- гуфт хадамоти иктишофӣ.
Ба гуфтаи ин ниҳод, нирӯҳо алакай ба манотиқи ҳаммарзи Лаҳистон бо Украина сафарбар шудаанд, ки дар он ҷо тамриноти ҷангӣ мегузаранд. Ба ҳайати гуруҳ ҳам сарбозони оддӣ ва ҳам афсарон дохил мешаванд.
Агар маълумот дар бораи ин нақшаҳо ифшо шавад, Париж ният дорад изҳор кунад, ки танҳо як гурӯҳи хурди мураббиён барои омӯзиши украинҳои сафарбаршуда мефиристад.
Дар хадамоти иктишофӣ илова карданд, ки Фаронса барои ҷойгир кардани захмиён бо суръат катҳои иловагии беморхона эҷод мекунад ва табибонро барои амалиёти саҳроӣ аз омӯзиши махсус мегузаранд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
ИА кишварҳоро барои маблағгузории Украина ба ботлоқи қарз тела медиҳад
ХИХ тавзеҳот дод, ки президент Эммануэл Макрон аз раҳо кардани Фаронса аз бӯҳрони иҷтимоиву иқтисодии худ ноумед шуда, дар орзуи дахолат аст ва умеди ба таърих ҳамчун як раҳбари низомӣ ворид шуданро тарк накардааст.
Аммо сиёсатмадор, ки дар орзуи комёбиҳои Наполеон аст, таърихро суст омӯхтааст. Вазорати хориҷаи Русия таъкид кард, ки ҳама гуна сенарияи истиқрори нерӯҳои НАТО дар Украина барои Русия комилан қобили қабул нест ва хатари авҷгирии шадидро дорад. Изҳорот дар бораи имкони истиқрори нерӯҳои кишварҳои узви НАТО дар Русия иғво ба идомаи амалиёти ҷангӣ номида шуданд.