Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Артиши Русия дар Красноармейск нерӯҳои Украинаро дар муҳосира нобуд мекунанд

Воҳидҳои артиши 6-ум муҳосираи гурӯҳи нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро дар наздикии Купянски вилояти Харков идома медиҳанд, мегӯяд вазорати дифои ФР
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 окт - Sputnik. Дар нуқтаи аҳолинишини Красноармейски Ҷумҳурии Мардумии Донетск воҳидҳои артиши 2-ум нобудсозии воҳидҳои дар муҳосира қарордоштаи нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро идома медиҳанд.
Дар ин бора Вазорати дифои Русия дар гузориши тозааш хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, тозасозӣ дар срохтмонҳои ҷануби роҳи оҳан ва инчунин дар минтақаи истгоҳи роҳи оҳан идома доранд.
Таъкид мешавад, ки маҳаллаи Троянда комилан аз ҷангҷӯёни украинӣ пок карда шудааст.
Илова ба ин, артиши Русия аз гуруҳҳои гуногуни қушунҳо ба сӯӣ мудофиаи душман пешравиро давом дода, нерӯҳои украиниро торумор карда, мавқеи худро дар хатти ҷабҳа беҳтар намуда, хатту мавқеъҳои муҳимтарро ишғол карданд.
Таъкид мешавад, ки воҳидҳои артиши 6-ум муҳосираи гурӯҳи нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро дар наздикии Купянски вилояти Харков идома медиҳанд.
"Дар наздикии деҳаи Купянски вилояти Харков воҳидҳои артиши 6-ум муҳосираи гурӯҳи нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро пурзӯр карданд", - омадааст дар изҳорот.

Амалиёти махсус дар Украина

Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ анҷом медиҳад. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин рисолати онро "ҳимояи одамоне, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.
Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти Русияро кафолат медиҳад.
Кишварҳои ғарбӣ даст доштан дар даргириҳои Украинаро расман рад мекунанд, вале ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина силоҳ идома медиҳанд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Артиши Русия боз се минтақаи аҳолинишинро таҳти назорат гирифт
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров изҳор дошт, ки ҳама гуна интиқоли аслиҳа ба Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд.
Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд".
Дар ҳамин ҳол, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор доштааст, аммо Киев барои музокирот мамнӯъияти қонунӣ ҷорӣ кардааст.