ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Сохтмони нерӯгоҳи барқии офтобӣ, ки иқтидораш 3 МВт мебошад, дар деҳаи Роҷи ноҳияи Шуғнони ВМКБ давом дорад.
© Foto / Пресс-служба администрации Шугнанского района
Бино ба иттилоъи дафтари матбуъотии вазорати энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон, кор 40% иҷро шудааст. Аз ҷумла, пудратчӣ "Тоҷикгидроэлектромонтаж" ба насби панелҳои офтобӣ дар ин мавзеъ шурӯъ кардааст.
Гуфта мешавад, ки татбиқи лоиҳа ба густариши истифодаи манобеъи барқароршавандаи энергия ва таъмини устувори нерӯи барқ дар минтақа мусоидат мекунад.
Нерӯгоҳи барқи ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар баландии 2660 метр аз сатҳи баҳр бунёд шуда, қарор аст, ки то охири соли 2025 ба истифода дода шавад.