ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Дар тӯли 21 соли амалиётҳои муштарак, марзбонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил беш аз 93 ҳаз. сарҳадшикан ва 460 террористро боздошт кардаанд.
Аз соли 2004 инҷониб, чандчин амалиёти муштарак ва чораҳои пешгирикунанда аз ҷониби кормандони мақомоти марзбонӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои ИДМ гузаронида шудаанд.
Дар натиҷа, беш аз 26 ҳаз.муҳоҷири ғайриқонунӣ ва беш аз 2,5 ҳаз. афроди дар пайгард қарордошта, боздошт шудаанд.
Ҳамчунин тақрибан 20 тонна маводи мухаддир, беш аз 1,9 ҳаз. силоҳи оташфишон, 19, 7 ҳаз. дона тир, 185 кг маводи тарканда ва 2500 дона адабиёти динӣ мусодира карда шуданд.
Натиҷаҳои амалиёти сарҳадӣ дар ИДМ
© Sputnik
Қаблан, пас аз ҷаласаи 21-уми роҳбарони хадамоти иктишофии ИДМ дар Самарқанд, роҳбарони ниҳодҳои амниятӣ ва иктишофии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ёддошти ҳамкорӣ имзо карданд.
Дар он ҷонибҳо зарурати ҳамкорӣ ва густариши ҳамкориро барои ҳифзи манфиатҳои давлатӣ ва таъмини амният аз таъсири берунаро тасдиқ намуданд.