ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Дар Русия, ҳафтаи охири моҳи октябр барои аксари коргарон ҳафтаи кории шашрӯза хоҳад буд.
Аз ҷумла, кормандони корхонаҳо ва муассисаҳо аз 27 октябр то 1 ноябр, кор хоҳанд кард.
Муҳоҷироне, ки дар Русия фаъолият мекунанд, низ бо ин ҷадвал кор хоҳанд кард. Ин ҷадвал ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки се рӯз пайдарпай истироҳат кунанд.
Ҳамин тавр, пас аз як ҳафтаи тӯлонӣ, се рӯзи истироҳатӣ хоҳад буд: 2, 3 ва 4 ноябр - аз якшанбе то сешанбе.
Ҳафтаи кории шашрӯза дар Русия
© Sputnik
Дар баробари ин, 1 ноябр кормандон бояд як соат камтар кор кунанд.
Мувофиқи Кодекси меҳнати Русия, агар рӯзи истироҳат бо рӯзи истироҳати ғайрикорӣ рост ояд, он дар тақвими корӣ ба рӯзи кории оянда гузаронида мешавад.
4 ноябр дар Русия рӯзи истироҳати давлатӣ аст: Рӯзи Ваҳдати Миллӣ.