Раҳмон: Ҳадафҳои машқҳои муштараки ИДМ ва СААД амалӣ шуданд

Дар машқгоҳи Фахрободи Тоҷикистон машқҳои муштараки зиддитеррористии кишварҳои ИДМ ва нерӯҳои СААД баргузор шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Машқҳои муштараки зиддитеррористӣ байни кишварҳои ИДМ ва нерӯҳои СААД дар ҳарбмайдони Фахрободи Тоҷикистон нишон медиҳанд, ки мақомоти салоҳиятдори минтақа ба мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ аҳамият медиҳанд.
Ин нуктаро котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Юсуф Раҳмон, зимни суханронӣ дар маросими ҷамъбасти машқ изҳор дошт.
"Тамрини муштараки нерӯҳои СААД ва воҳидҳои зиддитеррористии кишварҳои ИДМ аҳамияти вазоратҳои дифоъ ва хадамоти махсуси моро дар мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ ва нигоҳ доштани сулҳу субот таъкид мекунад", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Юсуф Раҳмон, ҳадафҳои машқҳо ба даст оварда шуданд ва воҳидҳои иштирокчӣ омодагии аълои ҷангӣ, маҳорати касбӣ ва кори дастаҷамъиро дар машқҳои амалиёти муштараки тактикӣ нишон доданд.
Дар навбати худ, вазири дифои Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода, машқҳоро идомаи мантиқии равандҳои ҳамгироӣ байни идораҳои низомии СААД ва сохторҳои зиддитеррористии ИДМ номид.
"Ин бори аввал аст, ки чунин чорабиниҳо дар дохили созмонҳои мо баргузор мешаванд ва хусусият, ҳаҷм ва миқёси вазифаҳои иҷрошуда ба шароити воқеӣ то ҳадди имкон наздиканд", - қайд кард ӯ.
Собирзода таъкид кард, ки натиҷаҳои машқҳо нишон медиҳанд, ки нерӯҳои посдори сулҳи СААД ва сохторҳои зиддитеррористии ИДМ "метавонанд якҷоя вазифаҳои гузошташударо иҷро кунанд, ба чолишҳо ва таҳдидҳои амниятӣ посух диҳанд ва сулҳу суботро дар минтақаҳои масъулияти худ таъмин кунанд".
Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов, аз кормандони Маркази зиддитеррористии ИДМ барои саҳмашон дар ташкили машқҳо изҳори сипос кард ва алоҳида аз Вазорати дифои Русия барои кумак ва дастгирии доимӣ изҳори миннатдорӣ намуд.