ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Сафари кории раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Восеъ, аз ифтитоҳи майдони Парчам ва Нишони давлатӣ, ки дар майдони 3,3 гектар дар шаҳраки Ҳулбук сохта шудааст, оғоз ёфт.
Майдони Парчам ва Нишони давлатӣ
Баландии пояи Парчами давлатӣ дар маҷмуъ бо таҳкурсиаш 52 метр буда, матои парчам 7 метр паҳноӣ ва 14 метр дарозӣ дорад, гузориш медиҳад хадамоти матбуотии президенти кишвар.
Нишони давлатӣ бошад, 22 метр баландӣ дошта, таҳкурсии он бо санги мармар оро ёфтааст.
© Foto / Пресс-служба президента Таджикистана
Маркази ташхисии Тибби Ҳулбук ва Маҷмааи нави тандурустӣ
Дар идомаи сафари корӣ, кишвардор бинои нави Маркази ташхисии Тибби Ҳулбукро ба баҳрабардорӣ расонд.
Иншоот аз ҳашт ошёна иборат буда, аз ҷониби соҳибкор Раҷабалӣ Мирзоалиев бо харҷи 20 млн сомонӣ бунёд гардидааст.
Ифтитоҳи Маркази ташхисии Тибби Ҳулбук ва муаррифии лоиҳаи бунёди Маҷмааи тандурустӣ-табобатӣ дар ноҳияи Восеъ
Дар Марказ 40 мутахассиси дорои таҷрибаи баланди касбӣ фаъолият мекунанд, ки аксари онҳо аз ҳисоби занону духтарони маҳаллӣ мебошанд.
Ҳамзамон, дар ҳамин мавзеъ, раисиҷумҳур бо лоиҳаи бунёди Маҷмааи нави тандурустӣ-табобатӣ шинос шуданд ва барои бунёди он санги асос гузошт.
Маҷмаа аз шуъбаҳои ҷарроҳӣ, бемориҳои дил, урологӣ, бемориҳои занона, маркази ташхис ва ёрии таъҷилӣ иборат хоҳад буд.
Мактабҳо, марказҳои хизматрасонӣ, роҳ ва корхонаи истеҳсоли хишт
Ҳамзамон, Раҳмон ба фаъолияти Марказҳои хизматрасонӣ, забономӯзӣ, толори варзиш, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, томактабӣ ва корхонаи саноатӣ ба таври фосилавӣ оғоз бахшида, барои бунёди дигар иншоот санги асос гузошт.
Бинои иловагии таълимӣ дар назди мактаби №18 дар деҳаи Файзобод,
мактаби №34 дар деҳаи Селбур,
Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Афсона, дар деҳаи Восеъобод,
Маркази хизматрасонӣ, забономӯзӣ ва толори варзишӣ дар деҳаи Кадучии деҳоти Бобошоҳиён.
Корхонаи истеҳсоли хишти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Хишти Ҳулбук дар деҳаи Навбаҳори деҳоти Тугарак.
Ифтитоҳи корхонаи дӯзандагӣ ва маркази хизматрасонии Дурдона дар деҳаи Селбури деҳоти Миралиобод.
Ифтитоҳи 12 км роҳи мумфаршу чароғонгардида, ки бо саҳми сокинон ва соҳибкорони маҳаллӣ бо маблағи 2 млн сомонӣ бунёд гардидааст.
Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонии Вазорати меҳнат, ки дар он аз рӯи 5 ихтисос: барқкор, васлгари таҷҳизоти барқии офтобӣ, челонгари техникаи санитарӣ, андовагар ва кафшергари газию барқӣ мутахассисон омода карда мешавад.
Шабакаҳои корезии шаҳраки Ҳулбук
Сипас кишвардор, бо нақшаи шабакаҳои корезии шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ шинос шуд. Лоиҳа бо мақсади тозакунии обҳои истифодашуда дар се марҳила амалӣ гардида, ба 26 ҳазор аҳолӣ хизмат мерасонад.
Дар доираи лоиҳа бинои маъмурӣ, лабораторияи назорат, майдонҳои техникии таҷҳизот, инчунин минтақаҳои сабз барои беҳсозии муҳит сохта мешаванд.
Ба иттилои мутахассисон, татбиқи ин лоиҳа на танҳо масъалаи оби партовро ҳал мекунад, балки дар ҳифзи обҳои рӯизаминӣ ва таҳшин нақши муҳим хоҳад дошт.
Маҷмааи варзишии ба номи Лолахон Қаҳҳоров
Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Заркамари деҳоти Миралиобод бинои Маҷмааи варзишии ба номи Лолахон Қаҳҳоровро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Ба истифода додани маҷмааи варзишии ба номи "Лолахон Қаҳҳоров" дар ноҳияи Восеъ
Иншооти нави варзишӣ аз ҷониби соҳибкор Шоҳхисрав Қаҳҳоров бо маблағи умумии 2,8 млн сомонӣ ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд гардидааст.
Бинои наву замонавӣ аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои толорҳои гуногуни варзишӣ мебошад.
Маҷмааи нави варзишӣ бо зарфияти муосир таъмин буда, дар як вақт барои қабули зиёда аз 80 варзишгар шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Ҳамчунин дар як қисми бинои навбунёд марказҳои хизматрасонӣ, маркази забономӯзӣ ва дигар иншооти ёрирасон пешбинӣ гардидааст.
Лолахон Қаҳҳоров кист?
Саҳми Лолахон Қаҳҳоров дар рушди соҳаи варзиши кишвар, тарбияи насли наврас ва пешрафти ноҳияи Восеъ хеле назаррас мебошад.
Номбурда 15-уми августи соли 1956 дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон таваллуд шуда, хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов мебошад.
Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ, барандаи чандин мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ва дорандаи 5 медали тилло мебошад.
Дар идомаи сафари корӣ, дар ноҳияи Восеъ президент, дар деҳоти Миралиобод аз боғи хоҷагии деҳқонии Миралӣ Маҳмадалӣ боздид намуд.