Маълум шуд, нақшаи даъват ба артиш дар Тоҷикистон чанд фоиз иҷро шудааст

Дар Тоҷикистон даъвати тирамоҳӣ ба сафи қувваҳои мусаллаҳ идома дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Давоми 20 рӯз, нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар Тоҷикистон 86% иҷро гардидааст.
Дар ин бора, Вазорати дифои Тоҷикистон хабар додааст.
Ҳамин тавр, 40 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ нақшаи пешбинигардидаро пурра иҷро намуданд, афзудааст манбаъ.
Ҳамин тавр, чун ҳамешагӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақшаро дар рӯзи аввали даъват пурра иҷро намуд:
ВМКБ - 101,2%,
Суғд 73%,
Хатлон 97%,
НТМ - 80%,
Душанбе 87%.
Қобили зикр аст, ки даъвату гусели шаҳрвандон ба артиш дар асоси фармони президент "Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007 ба хизмати ҳарбӣ” ташкилу ба роҳ монда шудааст.
ВМКБ барои ҳаштумин бор нақшаи даъват ба артишро дар рӯзи аввал иҷро кард
Феълан дар комиссариатҳои ҳарбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат, комиссияҳои давлатии даъват таъсис дода шудаанд, ки давоми моҳҳои октябр ва ноябр даъвату гусели шаҳрвандонро ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ташкил менамоянд.
Нақшаи даъват ба артиш дар рӯзи якум 55% иҷро шуд: Вазорат пешсафонро ном бурд
Бояд гуфт, ҳамасола дар Тоҷикистон шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола дар ду мавсим, аз ҷумла моҳҳои апрел-май ва октябр-ноябр ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват карда мешаванд.