Мишустин: Русия тиҷораташро тағйир дода ба бозорҳои ИИАО, ИДМ, БРИКС ва СҲШ рӯ меорад

Сарвазири Русия дар бораи рӯ овардан кишвараш ба бозорҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё, ИДМ, БРИКС ва Созмони ҳамкориҳои Шанхай эълон кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Нахуствазири Русия Михаил Мишустин гуфт, ки Русия ба бозорҳои ояндадори Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё, ИДМ, БРИКС ва Созмони ҳамкориҳои Шанхай тамаркуз карда, ҳамкориҳои худро бо кишварҳои Осиё, Африқо ва Амрикои Лотинӣ тақвият медиҳад.
"Мо ба бозорҳои ояндадори Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, гурӯҳи БРИКС ва Созмони ҳамкориҳои Шанхай тамаркуз мекунем", - гуфт Мишустин дар нишасти пленарии Форуми байналмилалии содиротии "Моли Русия аст".
Вай кайд кард, ки Русия ҳамкории худро бо кишварҳои Осиё, Африқо ва Америкои Лотинӣ низ тақвият хоҳад дод.
Рушди тиҷорати ИИАО бо Теҳрон: 80% додугирифти Русия ва Эрон бо рублу риёл анҷом ёфтаанд
Қаблан хабар дода шуда буд, ки ИИАО барои ҳалли мушкилоти глобалӣ фазои ягонаи нақлиётию логистикиро эҷод мекунад.
Ба гуфтаи Арзибек Кожошев, вазири энержӣ ва зерсохтори Комиссияи иқтисодии Авруосиё, Иттиҳодия ба се самти афзалиятнок тамаркуз кардааст: таъмини ҳаракати бемамониати мол, беҳбуди самаранокӣ ва ҳамгироии низоми нақлиёт ва ташкили бозори умумии хадамоти нақлиёт.