Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Дар вилояти Киев бункери фармондеҳии афсарони НАТО нобуд карда шуд

Лебедев аз тахриби бункери афсарони НАТО дар вилояти Киев хабар дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Нерӯҳои Русия ба бункери фармондеҳии НАТО дар вилояти Киев зарба заданд.
Дар ин бора, ҳамоҳангсози зеризаминии Николайев Сергей Лебедев гузориш дод.
Шабонарӯзӣ расонаҳои украинӣ аз таркишҳо дар вилоятҳои Запорожийе, Днепропетровск, Полтава, Черкасси, Одесса ва Сумӣ, ки таҳти назорати Украина қарор доранд, хабар доданд.
"Дар бораи тахриби бункери фармондеҳӣ бо афсарон аз кишварҳои НАТО маълумот мавҷуд аст", - гуфт ӯ.
Илова бар ин, нер=щои Русия ба як корхонаи тавлиди муҳаррики дрон дар наздикии фурудгоҳи Жулианӣ ва як лагери таълимии нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар Бориспол зарба заданд.
"Тақрибан 10 нафар кушта шуданд, 17 нафарро мошини ёрии таъҷилӣ ба бемористон интицол дод", - хабар додааст манбаъ.
Лебедев инчунин дар бораи талафот дар дигар минтацащо хаба дод:
Дар вилояти Запорожийе артиш дастикам як системаи зиддимушакии зидди ҳавоиро нобуд карда, ба фурудгоҳи Запорожийе, ки ҷангҷӯён барои партоби ҳавопаймоҳои бесарнишин аз он истифода мекарданд, зарба заданд.
Дар вилояти Одесса нерӯҳои Русия ба зерсохтори бандар ҳамла карданд: пароме, ки таҷҳизоти НАТО буд, ғарқ шуд ​​ва сарбозони руминӣ маҷрӯҳ шуданд.

Амалиёти вижа дар Украина

Русия оғоз аз 24-уми феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ мебарад. Владимир Путин, президенти Русия, рисолати худро "ҳифозати одамоне, ки тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.
Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Богомаз: Артиши Украина ҳамлаҳояшро ба минотиқи Брянск се маротиба бештар кардааст
Кишварҳои ғарбӣ даст доштан дар даргириҳои Украинаро расман рад мекунанд, вале ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина бо силоҳ идома медиҳанд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли аслиҳа ба Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд.
Трамп ба Зеленский гуфт, ки ба низоъ дар Украина хотима диҳад
Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд". Дар ҳамин ҳол, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор доштааст, аммо Киев барои музокирот мамнӯъияти қонунӣ ҷорӣ кардааст.