ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Бо мақсади зиёд кардани ҳаҷми содироти молу маҳсулот ва дастгирии соҳибкорони ватанӣ КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон" то 80 фоиз тахфиф пешниҳод намудааст.
Дар ин боар дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти кишвар хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи ҳамкориҳои судманд бо маъмуриятҳои роҳи оҳани Узбекистон, Туркманистон, Қазоқистон ва Русия барои соҳибкорони Тоҷикистон имтиёзҳои назаррас барои интиқоли бор ба ин кишварҳо ба даст оварда шудаанд.
Вазорати нақлиёти кишвар хабар дод, ки дар давоми 9 моҳи соли равон тавассути ҳамаи намудҳои нақлиёт 115,6 миллион тонна бор (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,4% зиёд) ва 832 миллион мусофир (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,6% зиёд) интиқол дода шудааст.
Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки дар ин давра тавакссути нақлиёти автомобилӣ 864,8 ҳазор тонна бор, аз ҷумла 154 ҳазору 740 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содир ва 1,4 миллион тонна бор ворид карда шудааст.
Ҳамлу нақли байналмилалӣ бошад асосан тавассути нақлиёти роҳи оҳан амалӣ карда мешавад – 69,3% боркашоонии байналмилалӣ ба роҳи оҳан рост меояд.