ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Дар ҳоли ҳозир аврупоиҳо ҷонибдори сулҳ нестанд ва дар ҳалли масъала саҳмгузор ҳам нестанд, гуфт сухангӯи раисҷумҳури РусияДмитрий Песков.
Хабарнигорон хостори шарҳи изҳороти Сергей Наришкин, мудири Хадамоти истихбороти хориҷии Русия дар бораи омодагии кишварҳои узви НАТО ба ҷанг бо Русия шуданд.
"Ҳоло аврупоиҳо ҷонибдори сулҳ нестанд ва нерӯе нестанд, ки тавассути тамосҳои сиёсӣ ва дипломатӣ ба истиқрори сулҳ саҳм гузоранд", - гуфт Песков.
Чанде пеш дар ҷаласаи Шӯрои роҳбарони ниҳодҳои амниятӣ ва хадамоти махсуси кишварҳои узви ИДМ дар шаҳри Самарқанд, пойтахти Узбакистон, Сергей Наришкин эълом дошт, ки бархе аз кишварҳои аврупоии НАТО ба ҷанг бо Русия омодагӣ мегиранд.
Амалиёти вижа дар Украина
Русия оғоз аз 24-уми феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ мебарад. Владимир Путин, президенти Русия, рисолати худро "ҳифозати одамоне, ки тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.
Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Кишварҳои ғарбӣ даст доштан дар даргириҳои Украинаро расман рад мекунанд, вале ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина бо силоҳ идома медиҳанд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли аслиҳа ба Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд.
Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд". Дар ҳамин ҳол, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор доштааст, аммо Киев барои музокирот мамнӯъияти қонунӣ ҷорӣ кардааст.