ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон 1 ноябр ба таътили тирамоҳӣ мебароянд.
Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои вазорат, чоряки якум 31 октябр дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷамъбаст гардида, хонандагон аз 1 то 7 ноябр ба таътили тирамоҳӣ мебароянд.
“Давоми 7 рӯзи таътил хонандагон метавонанд аз рӯйхати тавсиявии асарҳои бадеӣ, ки барои хониши беруназсинфии талабагон тартиб дода шудааст, истифода намоянд”, -қайд кардааст вазорати маориф.
Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки дар ин муддат даври якуми олимпиадаи дохилимактабӣ оғоз мегардад, ки хонандагони фаъол дар он иштирок менамоянд.
Қайд карда шудааст, ки олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон ҳамасола зимни таътили зимистона гузаронида мешавад. Он аз моҳи ноябр байни мактаббачагон гузаронида шуда, сипас дар сатҳи ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ доир мегардад.
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз падару модарон даъват карда аст, ки дар таътили тирамоҳӣ кӯдаконро назорати ҷиддӣ намоянд, нагузоранд, ки фарзандонашон вақти бештари худро бо истифодаи телефони мобилӣ ва корҳои беҳуда гузаронанд.
“Ҳамчунин волидайн бояд монеи оворагардӣ ва сарфи беҳудаи вақти онҳо дар кӯчаю марказҳои интернетӣ шаванд”, - қайд кардааст вазорат.