Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Артиши Русия анборҳои зеризаминии тавлиди мушакҳои украиниро нобуд кард

Артиши Русия дар вилояти Днепропетровск корхонаҳои тавлиди мушакии Украинаро, ик дар зери замин пинҳон шуда буданд, нобуд карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Дар вилояти Днепропетровск корхонаҳои тавлиди мушакҳои зеризаминӣ ва як иншооти васлкунии ҳавопаймоҳои бесарнишин дар минтақаи Харковро нобуд кард, иттилоъ додааст хабаргузории РИА “Новсоти”.
"Павлоград ва ноҳияи Павлоград... Майдонҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла, иншооти тавлиди мушакҳои зеризаминӣ тахриб шудаанд. Дар чанд маврид ҳавопаймоҳои бесарнишин мушоҳида шудаанд, ки анборҳои сӯзишворӣ ва муҳимот ва марказҳои иртиботиро ҳадаф қарор додаанд."
Ба гуфтаи манбаъ, ҳамла дар Харков ба минтақае буд, ки дар он ҳавопаймоҳои бесарнишин тавлид мекарданд.

Амалиёти вижа дар Украина

Русия оғоз аз 24-уми феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ мебарад. Владимир Путин, президенти Русия, рисолати худро "ҳифозати одамоне, ки тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Зеленский лоиҳаи қонун дар бораи тамдиди ҳолати низомиро ба парлумон пешниҳод кард
Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Кишварҳои ғарбӣ даст доштан дар даргириҳои Украинаро расман рад мекунанд, вале ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина бо силоҳ идома медиҳанд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли аслиҳа ба Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд.
Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд". Дар ҳамин ҳол, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор доштааст, аммо Киев барои музокирот мамнӯъияти қонунӣ ҷорӣ кардааст.