ДУШАНБЕ, 20 окт - Sputnik. Бино иттилои сомонаи порлумони Украина, Владимир Зеленский ба Верховная Рада лоиҳаи қонунеро пешниҳод кард, ки вазъи низомӣ ва сафарбаркунӣ барои 90 рӯзи дигар, то моҳи феврал тамдид хоҳад шуд.
Зеленский рӯзи 25 июл қонунеро имзо кард, ки вазъи низомӣ ва сафарбаркунӣ дар Украина барои 90 рӯзи дигар, то 5 ноябр тамдид шуда буд.
Лоиҳаҳои қонун дар бораи тамдиди ҳолати низомӣ ва сафарбаркунӣ барои 90 рӯзи дигар дар сомонаи Рада рӯзи душанбе нашр шудааст.
Санади мазхкур ҳоло бояд аз ҷониби вакилони порлумони Украина баррасӣ шаванд.
Рӯзи 24 феврали соли 2022 дар Украина ҳолати низомӣ эълон шуд. Рӯзи дигар Зеленский фармон дар бораи сафарбаркунии умумиро имзо кард.
Амалиёти вижа дар Украина
Русия оғоз аз 24-уми феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ мебарад. Владимир Путин, президенти Русия, рисолати худро "ҳифозати одамоне, ки тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.
Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Кишварҳои ғарбӣ даст доштан дар даргириҳои Украинаро расман рад мекунанд, вале ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина бо силоҳ идома медиҳанд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли аслиҳа ба Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд.
Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд". Дар ҳамин ҳол, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор доштааст, аммо Киев барои музокирот мамнӯъияти қонунӣ ҷорӣ кардааст.