Пешрафти артиши Русия дар Новопавловка: артиши Украина ақибнишинӣ дорад

Артиши Русия дар озодсозии Ҷумҳурии мардумиии Донетскро аз нерӯҳои украинӣ идома додааст ва дар ин самт ба пешравиҳои назаррасе ноил гаштааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Ба гуфтаи ращбари Ҷумҳурии мрадумии Донетск Денис Пушилин, артиши Русия дар Новопавловка ҶМД хатти дифоии чандсатҳии нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро шикастаанд.
Вазорати дифои Русия 15 октябр дар озодшавии ин шахр хабар дод.
Новопавловка нуктаи асосии дифоии артиши Украина аст ва дар байни Красноармейск ва Димитров қарор дорад.
Вазорати дифоъ, тавзеҳ дод, ки ин иқдом барои барои ҷудо кардани шаҳракҳо ва нобудсозии душман замина фароҳам овардааст.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Нерӯҳои Русия се маҳаллаи аҳолинишинро дар минтақаи амалиёти вижа озод карданд
Красноармейск яке аз марказҳои муҳимтарини Қувваҳои Мусаллаҳи Украина дар ҶМДва тамоми гурӯҳи оперативӣ-стратегии нерӯҳои Украина "Хортитсия" мебошад.
Он дар 66-километрии шимолу ғарби Донетск ҷойгир аст. Ҷангҳои барои озодсозии шаҳр идома дорад.
Пушилин ҳамчунин гуфт, ки нирӯҳо мавқеъҳои худро дар Ямпол беҳтар кардаанд, аммо нерӯҳои мусаллаҳи Украина аз ин шаҳрак берун намехоҳанд шаванд, зеро пас аз озод шудани он, тамоми масирҳои таъминот қатъ хоҳанд шуд.