Кишварҳои ИИАО масъалаи ҷорӣ кардани навгонӣ дар соҳаи кишоварзиро баррасӣ мекунанд

Кишварҳои ИИАО мехоҳанд робитаҳои тиҷоратию иқтисодиро рушд диҳанд ва дар соҳаи кишваорзӣ равишҳои инноватсионӣ ҷорӣ намоянд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 окт - Sputnik. Кишварҳои ИИАО масъалаи татбиқи инноватсия дар соҳаи кишоварзиро баррасӣ мекунанд.
Ба гуфтаи вазорати кишоварзии Русия, ин навгонӣ барои Конгресси агросаноатии АвруОсиё, ки соли 2026 пешбинӣ шудааст, ба нақша гирифта шудааст.
Масъалаи мазкур дар мулоқоти вазири кишоварзӣ Оксана Лут ва вазири саноат ва кишоварзии Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Гоар Барсегян баррасӣ шудааст.
"Ҳадафи конгресс тавсеаи равобити тиҷорӣ ва иқтисодӣ ва ҷорӣ кардани равишҳои инноватсионӣ дар соҳаи кишоварзӣ байни кишварҳои ИИАО мебошад", - шарҳ дод Вазорати кишоварзӣ.
Гуфта мешавад, ки Лут ва Барсегян ҳамчунин самтҳои калидии ҳамкорӣ дар чорчӯби ИИАО -ро баррасӣ кардаанд.
Аз ҷумла, дар мулоқот ба таҳкими амнияти озуқаворӣ, татбиқи механизмҳои дастгирии лоиҳаҳои муштарак ва дурнамои рушди комплекси агросаноатӣ таваҷҷӯҳ зоҳир гардид.
Афзоиши ҳаҷми савдои хизматрасонӣ ва сармоягузорӣ дар ИИАО
Яке аз мавзӯъҳо ҳамчунин ташкили Шӯрои Иттиҳоди АвруОсиё оид ба сиёсати агросаноатӣ буд, ки ҷаласаи он моҳи ноябр дар Минск баргузор мешавад.