ДУШАНБЕ, 19 окт - Sputnik. Саҳми Русия дар ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-июл 22,4%-ро ташкил додааст.
Дар сохтори муомилоти мол миёни Тоҷикистону Русия воридот бартарӣ дорад.
Ҳамин тариқ, дар нимсолаи аввал афзоиши бештари ҳаҷми воридот дар маҳсулоти гӯштӣ – 188,3% ба қайд гирифта шудааст.
Ҳамчунин содирот маҳсулоти қаннодӣ, орд, макарон ва консервҳои сабзавотӣ аз Русия ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст.
Дар бахши содироти кишоварзӣ аз Русия ба Тоҷикистон маргарин дар мақоми аввал қарор дорад, ки 13%-и содиротро ташкил медиҳад. Орд ва маҳсулоти қаннодӣ 10%-ро ташкил медиҳад.
Истеҳсолкунандагони Русия ба Тоҷикистон шоколад, ғизои кӯдакон ва равғани офтобпараст низ ворид мекунанд.
Русия ба Тоҷикистон чиро содирот кардааст: 5 маҳсулоти беҳтарин
© Sputnik
Тоҷикистон барои содироти маҳсулоти кишоварзии барвақт ва мавсимӣ ва молҳои саноатӣ имконоти бузург дорад ва ба ҳамкорӣ бо марказҳои бузурги тиҷоратии Русия ҳавасманд аст.