ДУШАНБЕ, 19 окт - Sputnik. Нерӯҳои мусаллаҳи Русия ба иншооти инфрасохтори нақлиётӣ, ки нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро дастгирӣ мекунанд, зарба заданд.
Дар ин бора вазорати дифои Русия хабар додааст.
"Ҳавопаймоҳои оперативӣ-тактикӣ, ҳавопаймоҳои бесарнишини ҳамлавар, нерӯҳои мушакӣ ва артиллерияи гурӯҳҳои низомии қувваҳои мусаллаҳи Русия ба иншооти инфрасохтори нақлиётие, ки ба қувваҳои мусаллаҳи Украина кумак мекунанд, осеб расониданд", - шарҳ дод вазорати дифоъ.
Вазорати дифоъ ҳамчунин афзуд, ки зарбаҳо ба мавзеъҳои истиқрори муваққатии нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар 143 ноҳия зада шудаанд.
Амалиёти вижа дар Украина
Русия оғоз аз 24-уми феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ мебарад. Владимир Путин, президенти Русия, рисолати худро "ҳифозати одамоне, ки тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.
Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Кишварҳои ғарбӣ даст доштан дар даргириҳои Украинаро расман рад мекунанд, вале ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина бо силоҳ идома медиҳанд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли аслиҳа ба Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд.
Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд". Дар ҳамин ҳол, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор доштааст, аммо Киев барои музокирот мамнӯъияти қонунӣ ҷорӣ кардааст.