Коршинос гуфт, чаро Тоҷикистон масъалаи пайвастан ба ИИАО-ро ба таъхир меандозад

Коршиносе мушаххас кард, ки Тоҷикистон бо пайвастан ба ИИАО чӣ имтиёзҳое ба даст хоҳад овард ва шарҳ дод, ки чаро мақомот ин тасмимро ба таъхир меандозанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 окт - Sputnik. Барои сокинони оддии Тоҷикистон шомил шудани ҷумҳурӣ ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) бешубҳа ба манфиат хоҳад буд.
Ин андешаро директори Маркази тадқиқоти иҷтимоии иқтисодӣ Алексей Зубетс, дар сӯҳбат бо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон изҳор дошт.
Алексей Зубец
Нисбати шаҳрвандоне, ки дар Русия кор мекунанд ва шаҳрвандони кишварҳои ИИАО нестанд, маҳдудиятҳои муайян татбиқ мешаванд. Дар навбати аввал, ин талаби гирифтани иҷозаномаи кор - патент ва пардохти ҳаққи онро дар бар мегирад ва ҳамчунин маҳдудиятҳои давомнокии будубош дар Русия вуҷуд доранд.
"Эҳтимол дар Русия коргарони қирғиз бештар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд. Ин маҳз ба он хотир аст, ки шаҳрвандони Қирғизистон дар бозори меҳнат баробари шаҳрвандони Русия ҳуқуқи кориро доранд", - изҳор дошт коршинос.
Аммо, ба гуфтаи вай, ба Тоҷикистон чанд соли пеш пешниҳоди узвият дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шуда буд. Вале кишвар ин даъватро то ҳол қабул накардааст.
"Ва мақомоти тоҷикро метавон фаҳмид; аксари кишварҳои узви ИИАО аз ҷиҳати иқтисоди худ хеле пурқувваттаранд. ИИАО ифтитоҳи бозорҳоро пешбинӣ мекунад. Ҳамин тавр, ширкатҳои русӣ, белорус ва қазоқ ба бозори Тоҷикистон ворид мешаванд. Мақомот метарсанд, ки тамоми бозорро тасарруф мекунанд ва иқтисоди миллӣ ин хатарҳо комилан аз байн хоҳанд рафт", - фаҳмонд коршинос.
Аз тарафи дигар, ба кавли Зубетс, рушди муносиботибайни давлатҳо зарурати чораҳоро талаб мекунад.
"Аз ин рӯ, гирифтани мақоми нозир, бале, комилан имконпазир аст. Мутаассифона, ман то ҳол дурнамои шомилшавии пурра ба ИИАО-ро намебинам", - хулоса кард ӯ.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон аз соли 2015 имкони пайвастан ба ИИАО -ро баррасӣ мекунад.
Шомилшавии Тоҷикистон ба ИИАО ба шаҳрвандони кишвар чӣ имтиёз медиҳад? Посухи коршинос
Президенти Русия Владимир Путин борҳо дар бораи зарурат ва аҳамияти таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) изҳори назар кардааст. Вай инчунин аз рушди бомуваффақияти муносибатҳо дар дохили созмон гуфтааст.
Қаблан Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон гуфта буд, ки Душанбе қабл аз тасмим гирифтан дар бораи пайвастан ба ИИАО таҷрибаи кишварҳои дигарро меомӯзад. Баъдан ӯ таъкид кард, ки мақомоти ҷумҳурӣ ҷиҳатҳои мусбат ва манфии пайвастан ба ин созмонро арзёбӣ карда, таҷрибаи Қирғизистону Арманистонро меомӯзад.