Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Вазорати дифои Русия аз талафоти нерӯҳои Украина дар 24 соати гузашта хабар дод

Вазорати дифои Русия хабар медищад, ки нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар минтақаи "Шарқ" дар як рӯз то 375 сарбози худро аз даст доданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 окт - Sputnik. Воҳидҳои гурӯҳи нерӯҳои "Шарқ" пешравии амиқро идома доданд ва нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар 24 соати охир то 375 сарбози худро аз даст дод.
Низомиёни гурӯҳи "Шарқ" бо пешравии амиқ ба ҳуҷум давом дода, отрядхои бригадаи механиконидашуда, ду полки қувваҳои мусаллаҳи Украина, ду бригадаи мудофиавӣ дар наздикии нуқтаҳои аҳолинишини Олексиевка ва Приволеи вилояти Днепропетровск, Красногорск, Полтавне, вилояти Красногорск ва Полтавнеяро торумор карданд.
"Душман то 375 сарбоз, 8 мошини зиреҳпӯш, 15 мошин, 7 тӯпхона, аз ҷумла як тӯпхонаи худгарди истеҳсоли ИМА "Паладин" як дастгоҳи мушакандози чандкаратаи RAK-SA-12 -и истеҳсоли Хорватия ва як истгоҳи ҷангии электрониро аз даст дод", - омадааст дар баёния.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Русия ба ҳамалоти Украина ба ҳадафҳои ғайринизомӣ чӣ гуна посух дод?
Ёдовар мешавем, ки Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд”.
Ба гуфтаи ӯ, барои ноил шудан ба ин ҳадаф "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс пешбинӣ шудааст. Дар посух кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия таҳримҳои густурда ҷорӣ карданд.