Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Песков дар бораи изҳороти Рютте: Бесалоҳиятӣ хоси бисёре аз раҳбарони аврупоист

Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков изҳороти дабири кулли НАТО Марко Рюттеро шарҳ дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 окт - Sputnik. Мутаассифона, бесалоҳиятӣ хоси бисёре аз мақомдорони аврупоӣ аст.
Чунин гуфт, сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков, дар шарҳи изҳороти дабири кулли НАТО Марко Рютте дар бораи халабонҳо ва маллоҳони рус.
Қаблан дабири кулли НАТО Марко Рютте дар як нишасти хабарӣ дар Брюссел дар пайи мулоқот бо вазирони дифоъи кишварҳои узви ин паймон халабонҳо ва маллоҳони русро таҳқир карда буд.
"Бесалоҳиятӣ дар бисёр масъалаҳо, мутаассифона, ҳоло як хислати хоси аксари мансабдорони аврупоӣ аст. Такрор мекунам, ин хеле таассуфовар аст", - гуфт Песков ба хабарнигорон.
Рютте: НАТО набояд ҳавопаймоҳои ҷангии Русияро сарнагун кунад
Қаблан Рютте иддао карда буд, ки халабонҳои русӣ онҳоро "бемаҳорат парвоз мекунанд" ва маллоҳон "чӣ гуна лангар партофтанп"-ро намедонанд.