Миллиардҳо сомонӣ: имзои 17 созишномаи ҳамкорӣ миёни мақомоти Душанбе ва сармоягузорон

Дар Душанбе дар доираи форуми сармоягузорӣ ҷаласаи махсус таҳти унвони "Шаҳрҳои оянда: бехатар, сабз ва ҳушманд", баргузор гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 окт - Sputnik. Миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва намояндагони давлатӣ, шарикон ва сармоягузорони ватанию хориҷӣ 17 созишнома ва ёддоштҳои тафоҳум имзо шуд.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии шаҳрдорӣ гузориш додааст.
Гуфта мешавад, ки маблағи умумии созишномаҳо, ки дар паи ҷаласаи махсус таҳти унвони "Шаҳрҳои оянда: бехатар, сабз ва ҳушманд", баргузор гардид, 5,4 млрд сомониро ташкил медиҳад.
Дар ҷаласа намояндагони шаҳрҳои Осиё, созмонҳои байналмилалӣ, сармоягузорон, шарикони рушд ва доираҳои тиҷоратии зиёда аз 50 кишвари дунё ширкат карданд.
Ҷаласа талошҳои шаҳри Душанберо барои таъсиси шаҳрҳои муосир, сабз, ҳушманд, экологӣ ва технологӣ, ки барои ҳамкории байналмилалӣ кушодаанд, таъкид намуд.
Зимни сессияи якум дар мавзуи "Пойтахтҳои Осиё ҳамчун муҳаррикҳои рушд ва пешрафт" роҳбарон ва намояндагони шаҳрҳои Осиё, корпусҳои дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва бахши хусусӣ суханронӣ намуданд.
Дар Душанбе шаҳракҳои калон, хати метро ва роҳҳои сеқабата пайдо мешавад
Баромадкунандагон нақши шаҳрҳои замонавиро дар таъмини рушди устувор, инфрасохтори бехатар ва сабз, рақамисозии муҳити шаҳрӣ ва ташкили инфрасохтори бароҳат баррасӣ карданд.
Дар ҷаласа, намояндагони ширкатҳои сармоягузори муваффақ ва бонкҳои пешрафта, аз ҷумла Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Авесто гурӯҳ", “Coca-Cola-нӯшокиҳои Тоҷикистон”, Корхонаи воҳиди давлатии "Шаҳри ҳушманд", “Freedom Bank Tajikistan”, “Rox Group” (Ветнам) ва “K-Ict” (Кореяи Ҷанубӣ) иштирок намуданд.
Ҳуҷҷатҳои имзошуда ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои инфрасохтори шаҳр, корхонаҳои саноатӣ, сохтмони меҳмонхона ва марказҳои бузурги савдо (гипермаркет) ва технологияҳои инноватсионӣ равона карда шуда, саҳми муҳим дар рушди устувори пойтахт хоҳанд буд.
Ҳамчунин, дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории "Dushanbe Invest – 2025" аз ҷониби шаҳрдорӣ барои сокинони пойтахт ва иштирокчиёну меҳмонони форум намоиши ҳунарҳо, хӯрокҳои миллӣ ва чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ бо ширкати сарояндаҳои дохил ва хориҷ баргузор гардид.
Шарифӣ: Душанбе аз беҳтарин маконҳои Осиёи Миёна барои сармоягузорист
Ин дар ҳолест, ки маблағи умумии созишномаҳое, ки дар рӯзи аввали ҳамоиши байналмилалии "Душанбе Инвест - 2025" ба имзо расид, беш аз 3,1 млрд долларро ташкил дод.
Аз 14 то 16 октябр дар пойтахти Тоҷикистон Форуми байналмилалии "Душанбе Инвест 2025" ҷараён дорад.
Ин чорабинӣ ба як платформаи калидӣ барои пешбурди сармоягузориҳои сабз, рушди устувор ва табдили рақамӣ дар Осиёи Марказӣ табдил ёфтааст.