ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Вазири энергетика ва инфрасохтори Комиссияи иқтисодии Авруосиё Арзибек Кожошев ахиран дар ҳамоиши байнулмилалии Рӯзи логистикии АвруОсиё дар Маскав изҳор дошт, ки барои рафъи чолишҳои глобалӣ, ИИАО фазои ягонаи нақлиётию логистикиро эҷод мекунад.
Вай таъкид кард, ки иттиҳодия ба се самти афзалиятнок: таъмини ҳаракати бемамониати молҳо, баланд бардоштани самаранокӣ ва ягона шудани низоми нақлиёт ва ташкили бозори умумии хидматрасонии нақлиёт нигаронида шудааст.
Ҳамаи инҳо тавассути ҳамоҳангсозии байналмилалӣ, лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва татбиқи технологияҳои рақамӣ, ки монеаҳоро бартараф мекунанд ва имкониятҳои навро барои логистикаи ҷаҳонӣ боз мекунад, ба даст оварда мешаванд.
"Рақамисозии нақлиёт тавассути ҷорӣ намудани варақаҳои электронӣ, мӯҳрҳои навигатсионӣ ва татбиқи Консепсияи системаҳои нақлиётии интеллектуалӣ самаранокии логистикаи байналмилалиро ба таври қобили мулоҳиза беҳтар намуда, онро бефосила месозад ва монеаҳои маъмуриро коҳиш медиҳад. Дар ниҳояти кор, ҳамаи ин ба афзоиши гардиши мол байни кишварҳо таъсири мусбат мерасонад", — гуфт Қожошев.
Ҳамзамон, ИИАО барои ҳамкорӣ бо ташаббусҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла Ташаббуси як камарбанд ва роҳ, масири баҳри шимолӣ ва масири Транс-Каспий фаъолона кор мекунад.
Рушди долони Шимолу Ҷануб аз Балтика ба воситаи баҳри Каспий то уқёнуси Ҳинд суръат гирифта, нав кардани бандарҳои Астрахану Актау ва роҳҳои нави оҳан ба зиёд намудани боркашонӣ аллакай таъсири мусбат расонданд.
"Инфрасохтори нақлиётии кишварҳои ИДМ дар таҳаввулоти фаъол қарор дорад, ки бо чолишҳои геополитикӣ, иқтисодӣ ва технологӣ рӯбарӯ аст. Бо вуҷуди ин, дурнамо хушбин боқӣ мемонад: ба шарофати ташаббусҳои муштарак, рақамисозӣ ва ҳамкории байналмилалӣ, минтақа метавонад ба як маркази калидӣ дар системаи нақлиёти ҷаҳонӣ табдил ёбад", - хулоса кард вазири ИИАО.