ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон барои аввалин бор, ҷарроҳии нодири мағзи сар роҳандозӣ шуд.
Амалиётро, ҷарроҳони шуъбаи ҷарроҳии асаби Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” аввалин маротиба амали ҷарроҳии гирифтани омоси чуқур ҷойгиршудаи қисми мобайнии мағзи сарро бомуваффақият анҷом доданд.
Дар ин бора Вазорати тандурустии Тоҷикистон иттилоъ дод.
Бино ба гузориши манбаъ, ба беморхонаи "Истиқлол" як ҷавондухтар бо аломатҳои шадиди гипертензионӣ ва вайроншавии координатсия муроҷаит кардааст.
"Дар натиҷаи муоинаи ҳамаҷониба қорор шуд ки ба бемор амалиёти ҷарроҳӣ бо истифодаи гузаргоҳи мураккаби мағзи сар байнинимкурагии траснкаллиёзӣ- траснвентрикулярӣ-трансхороидалӣ ба қисми ақибии меъдачаи 3-юм гузаронида шавад", - омадааст дар хабарнома.
Вазорат мегӯяд, дар рафти амалиёти ҷарроҳӣ асбобҳои зарурӣ барои назорат ва резексияи пурраи ҳосилаи ҳаҷмӣ истифода бурда шуданд.
Ба гуфти ҷарроҳон, ин амали ҷарроҳӣ бо краниотомияи маҳдуд дар минтақаи пеши парсагиталӣ аз рост оғоз ёфт.
"Амалиёти ҷарроҳӣ бо истифода аз микроскопи муосир, ки иқтидори тағйир додани кунҷҳои биноиш, дақиқият ва дигар параметрҳоро дорад, гузаронида шуд, ки ин дақиқияти баланд дар ҳама марҳилаи ҷарроҳиро таъмин мекунад", - шарҳ доданд дар Вазорат.
Бояд гуфт, ки айни ҳол вазъи саломатии бемор хуб аст ва шикоятҳое, ки то баргузории ҷарроҳӣ дар он ҷой доштанд, пурра бартараф карда шуда, айни замон тибқи маълумотҳои МРТ-и такрории майнаи сар бо маҳлули контрастӣ боқимондаҳои омосии мағзи сар дида намешавад.
Дар амал ҷорӣ намудани боз як усули нави ҷарроҳӣ дар соҳаи тибб, аз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Ҳукумат дарак медиҳад, афзудааст Вазорат.