Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Сокинони 40 деҳаи вилояти Харков тахлия мешаванд

Сокинони 40 деҳаву шаҳраки вилояти Харкови Украина бинба бар талафоти зиёди нерӯҳои мусаллаҳи Украина тахлия мешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Мақомоти вилояти Харков ба далели ташдиди вазъ дар наздикии Купянск ва Волчанск, ки дар онҷо низомиёни украинӣ талафоти зиёд мебинанд, ба кӯчонидани ҳатмии сокинони 40 деҳаву шаҳрак дастур додаанд.
Дар ин бора ба хабаргузории РИА “Новости” манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар додааст.
Қаблан мақомоти Украина дар бораи тахлияи иловагии оилаҳои кӯдакдор дар вилояти Харков хабар дода буданд.
"Бинобар бад шудани вазъ дар Купянск ва Волчанск, мақомоти вилояти Харков дастур додаанд, ки дар 40 деҳаву шаҳраки аҳолинишин кӯчонидан аҳолӣ ҳатмӣ шавад. Оилаҳое, ки кӯдак доранд, тахлия карда ва маҷбур мешаванд, ки ин минтақаҳоро тарк кунанд", - афзуд манбаъ.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Фирор аз хизмати аскарӣ дар артиши Украина башиддат афзоиш ёфтааст
Вай тавзеҳ дод, ки ба тасмими мақомоти Украина нокомии нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар ин шаҳрҳо таъсир кардааст.
Ба гуфтаи манбаъ, дар он ҷо имрӯзҳо шадидтарин задухӯрд ҷараён дорад, ки дар он сарбозони украинӣ талафоти зиёд дидаанд ва метавонанд ба зудӣ ин шаҳракҳоро тарк кунанд.