ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Шумори нафароне, ки аз сафи артиш Украина фирор кардаанд ба маротиб афзоиш ёфтааст.
Манбаъ аз нерӯҳои амниятии Русия ба РИА “Новости” хабар доданд, ки сарбозон маъмулан тасмим мегиранд, ки ҷузъу томҳои худро бидуни иҷоза пас аз аввалин амалиёти худ тарк кунанд.
"Фармондеҳони сатҳи поинтар маҷбур мешаванд, ки зердастони худро ба ҷуз супориши пешбинишуда ба амалиётҳои дигар фиристанд. Маҳз ба ҳамин далел теъдоди фирориён дар нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфтааст. Маъмулан, фирорҳои беиҷозат пас аз анҷоми аввалин амалиёти ҷангӣ рух медиҳад", - гуфт манбаъ.
Ӯ қайд кард, ки тибқи муқаррароти нав ин ҷиноят аст.
Намояндаи як мақомоти қудратӣ қаблан ба РИА “Новости” хабар дода буд, ки Верховная Рада (парлумон) ба ҷои таъқиби онҳо, фиристодани фирориён ба нерӯҳои пиёдагардро баррасӣ мекунад.
"Аммо дар асл, ҳамаи онҳо бо ҳамон таҳдиде рӯбарӯ мешаванд, ки сипас худсарона қасми низомии худ фирор мекунад", - гуфт ӯ.