Шарифӣ: Душанбе аз беҳтарин маконҳои Осиёи Миёна барои сармоягузорист

Душанбе бо 69 кишварҳои ҷаҳон робитаҳои иқтисодии хориҷӣ дошта аз ин 11 адад давлатҳои ИДМ ва 58 адади дигар кишварҳои хориҷӣ дур мебошанд, иттилоъ дод Шарифӣ
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 окт - Sputnik. Душанбе аз беҳтарин маконҳои Осиёи Миёна барои сармоягузорӣ аст. Ҷалби сармояҳои хориҷӣ ба иқтисоди пойтахт зиёд гардида танҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба 2,2 млрд доллар расидааст.
Дар ин бора зимни форуми сармоягузории Душанбе, ноиби раиси пойтахт, Бахтиёр Шарифӣ гуфт.
Ба гуфтаи ӯ, иқтисоди шаҳр яке аз зудтарин рушдёбандаҳо дар минтақа буда, бо 69 кишвари ҷаҳон равобит дорад.
Шарифӣ гуфт, новобаста аз таъсиси ҳама гуна хавфҳои эҳтимолӣ, вазъи мурракаби иқтисодии ҷаҳон тамоюли мусбии соҳаҳҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва устувории нишондиҳандаҳои асосии иқтисодии шаҳр таъмин гардида истодааст.
"Рушди миёнаи солонаи маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар солҳои ахир беш аз 7%-ро ташкил медиҳад. Душанбе дар ҳашт соли охир ҳудуди 20%-и ММД-и Тоҷикистонро таъмин мекунад", - афзуд ӯ.
Шаҳри Душанбе бо 23 шаҳр муносибатҳои байналмилалӣ бародаршаҳрӣ ва бо панҷ шаҳри дигар робитаҳои байналмилалии шарикиро истиқрор намуда узви фаъоли 6 ташкилоту форуми сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ аст.
Ҳамзамон шаҳр, бо 69 кишварҳои ҷаҳон робитаҳои иқтисодии хориҷӣ дошта аз ин 11 адад давлатҳои ИДМ ва 58 адади дигар кишварҳои хориҷӣ дур мебошанд, иттилоъ дод Шарифӣ.
Имрӯз дар Тоҷикистон бо мақсади фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ ва вусъат додани имкониятҳои содиротии кишвар ва беҳбуд бахшидан ба вазъи бозори меҳнат ислоҳоти иқтисоди мувафақона амалӣ шуда истодааст.
"Аз ҳудуди Тоҷикистон 4 долони нақлиётӣ мегузарад, ки бозори кишвари минтақа ва берун аз онро бо ҳам мепайвандад ва ин долонҳо дар навбати худ ба афззоиш пайдо кардани гардиши савдои хориҷии кишвар заминаи мусоид мегузорад", - қайд кард Шарифӣ.
Соли 2018 шаҳри Душанбе узви федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ гардида мувофиқи назарсанҷиҳои ҷаҳонӣ ба 10 шаҳри амнтарини ИДМ шомил шудааст.
Тоҷикистон яке аз амнтарин кишвари ҷаҳон дониста шуд
Дар ин робита пойтахти кишвар ҳамчун шаҳри муносиби ба роҳат барои сайҳӣ эътироф шуда ба даҳгонаи беҳтарин шаҳрҳо барои сайёҳат ва сайру гашти шабона дохил гардидааст.
Ҳамасола дар шаҳр як қатор чорабиниҳои варзишии байналмилалӣ дар сатҳи баланд баргузор мегардад.