Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Украина хабар дод, ки аз соли 2022 инҷониб чӣ қадар ҷавонон кишварро тарк кардаанд

Вазири ҷавонон ва варзиши Украина хабар додааст, ки аз соли 2022 то имрӯз 1,7 миллион ҷавонон Украинаро тарк кардаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Ба гуфтаи Матвей Бедний, вазири ҷавонон ва варзиши ин Украина, аз соли 2022 тақрибан 1,7 миллион ҷавон Украинаро тарк кардаанд.
Дар охири моҳи сентябр як вакили Верховная Рада, ки ҳоло бо иттиҳоми хиёнат ба ватан дар боздоштгоҳи муваққатии Украина мебошад, изҳор дошт, ки дар давоми камтар аз як моҳ 40 ҳазор ҷавони 18-22 сола Украинаро тарк кардаанд.
"1 миллиону 700 ҳазор ҷавонон Украинаро тарк карданд. Аксари онҳо дар хориҷа таҳсил мекарданд ва натавонистанд ба ватан баргарданд", - гуфт Бедний дар мусоҳиба бо хабаргузории РБК-Украина.
Раиси Идораи сиёсати муҳоҷирати Украина Василий Воскобойник қаблан гуфта буд, ки тақрибан 90% ҷавононе, ки Украинаро тарк карда ба хоириҷа рафтаанд, имкон дорад дубора баргарданд.
Мошинҳои зиреҳпӯши десант бо муҳофизати иловагӣ аз дронҳо муҷаҳҳаз шудаанд.
Дар авохири моҳи август Девони вазирони Украина барои ҳамаи мардони аз 18 то 22 сола сафар ба хориҷа иҷоза дод.
Баъдан расонаҳои украинӣ гузориш доданд, ки ҷавонон ба таври оммавӣ Украинаро тарк мекунанд ва наворҳои фирор дар шабакаҳои иҷтимоии Украина пур шудааст.
Қаблан мардони синнашон аз 18 то 60-сола намтавонистанд аз Украина дар замони вазъияти низомӣ берун раванд. Саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ ҳангоми сафарбаркунӣ ҷиноят ҳисобида мешавад ва шахс метавонад то 5 сол аз озоди маҳрум шавад.