ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков дар посух ба суолҳои рӯзноманигорон дар бораи изҳороти Макрон дар бораи музокирот, гуфт ки Русия амалиёти вижаи низомии худро ба далели набудани роҳи дигар идома хоҳад дод ва ба ҳадафҳояш хоҳад расид.
Қаблан Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса изҳор дошт, ки агар Русия омодагии худро барои музокира нишон надиҳад, қимати сангин пардохт хоҳад кард ва афзуд, ки Фаронса аз Украина фаъолона пуштибонӣ мекунад ва дар "эътилофи хоҳишмандон" талош хоҳад кард.
“Русия барои ҳалли мусолиматомез омода аст. Ҳоло Русия ба далели набуди алтернативаҳо амалиёти вижаи низомии худро идома медиҳад. Ба ин ё он роҳ, Русия манофеи худро таъмин мекунад ва ба ҳадафҳояш мерасад", - гуфт Песков.
Ҳамчунин оқои Песков илова кард, ки Русия ҷонибдори муколамаи сулҳомез дар бораи Украина боқӣ мемонад.
"Ҷониби Русия ошкорбаёнӣ ва омодагии худро барои муколамаи сулҳомез нигоҳ медорад" - гуфт Песков ба хабарнигорон.