ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Муовини директори Муассисаи федералии буҷети давлатии "Агроэкспорт" Дмитрий Горин ахиран эълон кард, ки то охири сол миёни ИИАО ва Индонезия созишнома дар бораи тиҷорати озод ба имзо мерасад.
Ин созишномахо барои таъминкунандагони ғаллаи мо муҳиманд, зеро Индонезия калонтарин воридкунандаи ғалла дар Осиёи Ҷануб Шаркӣ мебошад.
“Бастани созшнома ва гирифтани боҷи сифрӣ барои интиқоли гандум ба Индонезия кумаки хубе барои содиркунандагони мо хоҳад буд”, - афзуд ӯ.
Вай афзуд, ки дар ҳоли ҳозир панҷ созишномаи тиҷорати озод миёни Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва кишварҳои сеюм баста шудааст.
“Се созишнома аллакай пурра эътибор пайдо карда, кишварҳо ба боҷҳои сифрӣ дастрасӣ пайдо кардаанд", - гуфт Горин.
Ба гуфтаи Агроэкспорт, пас аз имзои ин созишномаҳо тиҷорати мутақобила хеле афзоиш ёфтааст. Тиҷорати кишоварзӣ бо Ветнам аз соли 2016 то 2024 3,6 маротиба афзуда, ба 1,2 миллион доллар расид. Бо Эрон, он аз соли 2018 то 2024 2,6 баробар афзуда, ба 3,7 млн доллар расид.
Соли ҷорӣ ду созишномаи тиҷорати озод ба имзо расид: бо Муғулистон ва АМА.