ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангуии расмии ҳукумати Толибон*, дар вокуниш ба суханони ахири Владимир Путин, раисҷумҳури Русия , эълом кард ки марзҳои Афғонистон амн аст ва марз бо Тоҷикистон аз аҳамияти хосе бархурдор аст.
“Ба вижа дар мавриди марз бо Тоҷикистон, тавваҷуҳи вижае ба амният он дорем. Ҳар ду тараф дар ин замина масъулиятҳое доранд, мо масъулиятҳои худро ба хӯбӣ анҷом додаем ва иншаллоҳ ин тавваҷуҳ дар оянда низ идома хоҳад дошт”, - гуфт Муҷоҳид.
Изҳороти Муҷоҳид пас аз он матраҳ шуд ки Путин дар нишаст хабарии худ дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон бар зарурати тазмини амнияти комили марзи Афғонистону Тоҷикистон таъкид кард.
Раисҷумҳури Русия дар ин нишаст изҳор дошт, ки ҳукумати Толибон* барои тасбити авзоъ дар кишвар талош мекунад, аммо ҳануз чолишҳои мутаъаддиде вуҷуд дорад.
“Мо шоҳид ҳастем ки мақомоти Толибон* барои одисозии шароити кишвар талош мекунанд, аммо мушкилот бисёре ҳамчунон боқӣ аст ва худ онҳо низ ба ин масаъла таваҷҷуҳ доранд. Ба ҳамин далел, ҳифзи амнияти комили марз миёни Афғонистону Тоҷикистон зарурӣ аст”, - афзуд Путин.
Раҳбари Русия дар тасреҳ кард, ки ҳукумати Толибон* тамоюл дорад дар заминаи мубориза бо тероризму қочоқи маводи мухаддир ҳамкорӣ кунад ва Русия аз ин рӯйкард ҳимоят мекунад.
*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.