Боздиди наздик ба 900 ҳазор гардишгари узбекистонӣ аз Тоҷикистон

Шумораи сайёҳони Узбекистон, ки ба кишвари ҳамсоя сафар кардаанд назар ба ҳамин давраи соли гузашта 26,8% афзоиш ёфтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Сайёҳон аз Узбекистон бештар ду кишваррро барои истироҳат интихоб мекунанд.
Дар ин бора Агентии миллии омори Узбекистон хабар додааст.
Ҳамин тариқ, дар ҳашт моҳи соли 2025 ҳудуди 5,2 миллионгардишгари узбекистонӣ ба кишварҳои мухталиф сафар кардааснд.
Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 1,1 миллион нафар ё 26,8% бештар будааст.
Имсол сайёҳони ӯзбек бештар ба Қазоқистон — 956 ҳазор нафар ва Тоҷикистон 888 ҳазор нафар сафар карданд.
Қазоқистон — 956 ҳазор;
Тоҷикистон — 887,9 ҳазор;
Русия — 312,7 ҳазор;
Туркия — 181,7 ҳазор;
Арабистони Саудй — 165,7;
Инчунин миёни самтҳои машҳури сайёҳӣ АМА, Миср, Ветнам ва Чин буданд.
Тоҷикистон дар сегонаи машҳуртарин макони сайёҳӣ барои узбекистониҳо қарор гирифт
Ёдовар мешавем, ки ба иттилои агентии омори Тоҷикистон дар моҳҳои январ-июли соли равон 1 миллиону 441,6 ҳазор нафар сайёҳони тоҷикистонӣ аз Узбакистон дидан кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, ба иттилои Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2025 аз Тоҷикистон беш аз 925,7 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ дидан кардаанд.
Узбекистон аз рӯи шумораи сафари сайёҳон ба Тоҷикистон пешсаф аст ва Русия дар ин раддабандӣ дар ҷои дувум ва Қирғизистон дар ҷои севум қарор дорад.
Ба иттилои манбаъ, ҳоло дар ҷумҳурӣ 214 ширкати сайёҳӣ ба хидматрасонии гардишгарӣ сарукор доранд.
Дар умум дар кишвар 338 объект сабт шудааст, ки ба сайёҳон хидматрасонӣ мекунад.
Сайёҳӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои муҳими рушди иқтисоди мамлакат ба ҳисоб рафта, солҳои охир ин соҳа босуръат рушд менамояд.
Ҷолибтарин маконҳои Тоҷикистон барои сайёҳон шоҳроҳи Помир, Осорхонаи миллӣ дар Душанбе, Қалъаи Ҳисор, кӯҳҳои Фон, Искандаркӯл ва ғайра, мебошанд.