ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Соҳаи сайёҳии кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дорои потенсиали назарраси рушд аст.
Дар ин бора дар ҷараёни Форуми сайёҳии Қазоқистон Sayahat - 2025 дар Остона хабар дода шуд.
Тавре муовини директори департаменти рушди соҳибкорӣ дар Комиссияи иқтисодии Авруосиё Лусине Багратуни хабар дод, сарони давлатҳо метавонанд то охири соли 2025 консепсияи рушди сайёҳӣ дар доираи ИИАО -ро имзо кунанд.
"Ин санади стратегӣ аст, ки самтҳои асосии рушди соҳа ва чораҳои ҳавасмандгардонии сайёҳии дохилиро дар дохили иттиҳодия муайян мекунад", - таъкид кард Лусин Багратуни.
Дар рафти чорабинӣ намояндаи КИА ҳамчунин аз татбиқи ташаббусҳои муштарак бо ИИАО дар соҳаи сайёҳӣ ва таҳия ва пешбурди хатсайрҳои сайёҳии АвруОсиё ёдовар шуд.
Дар торномаи иттилоотии иттиҳод ба ташкили бахши сайёҳӣ таваҷҷуҳи махсус дода шудааст.
Қаблан эълон шуда буд, ки ИИАО чанд хати сайёҳиро муттаҳид мекунад. Онҳо дар як торномаи ягона муттаҳид карда мешаванд, ки он ҳам барои туроператорҳо ва ҳам сайёҳоне, ки дар панҷ кишвари узв сафар мекунанд, дастрас хоҳанд буд.
Ин хатсайрҳо зиёда аз 400 тамошобоби сайёҳиро дар бар мегиранд.