ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Мавзӯи пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) як муддат дар рӯзнома қарор дошт ва бахше аз баҳсҳои ҷомеаи кишвар буд.
Аммо, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон изҳор дошт, ки дар бораи пайвастани ин кишвар ба оилаи АвруОсия ҳарф задан барвақт аст.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон бо мудири бахши Осиёи Марказии Маркази пажӯҳишҳои пасошӯравии Пажӯҳишгоҳи иқтисоди ҷаҳонӣ ва равобити байналмилалии Академияи илмҳои Русия, Станислав Притчин суҳбат кард.
"Аз нигоҳи манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, ин бешубҳа як иқдоми муҳимме хоҳад буд. Барои муқоиса вазъи шаҳрвандони Қирғизистон, ки бахше аз низоми ИИАО ва бозори умумии меҳнат ҳастанд, онҳо назар ба шаҳрвандони Узбекистону Тоҷикистон дар мавқеи имтиёзнок қарор доранд", - гуфт коршинос.
Масалан, онҳо маҷбур нестанд, ки барои иҷозаи кор пул пардохт кунанд, яъне вазъи онҳо дар ин замина хеле устувортар ва пешгӯишаванда аст, шарҳ дод ӯ.
Притчин ёдовар шуд, ки то охири соли 2024 муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон беш аз 5 млрд доллар интиқол додаанд, ки тақрибан 50%-и ММД-и кишварро ташкил медиҳад.
"Ин пули ҳақиқӣ аст, ки як унсури асосии суботи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон шудааст", - таъкид кард ӯ.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон аз соли 2015 имкони пайвастан ба ИИАО -ро баррасӣ мекунад.
Президенти Русия Владимир Путин борҳо дар бораи зарурат ва аҳамияти афзоиши ҳамкориҳо бо кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё изҳори назар кардааст.
Вай инчунин аз рушди бомуваффақияти муносибатҳо дар дохили созмон ёдовар шуд.
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, қаблан гуфта буд, ки Душанбе дар мавриди пайвастан ба ИИАО таҷрибаи кишварҳои дигарро меомӯзад.
Баъдан вай таъкид кард, ки мақомоти ҷумҳурӣ ҷиҳатҳои мусбат ва манфии шомил шудан ба ин созмон ва омӯзиши таҷрибаи Қирғизистону Арманистонро арзёбӣ мекунанд.
ИИАО 5 кишварро дар бар мегирад: Русия, Беларус, Қазоқистон, Арманистон ва Қирғизистон.