ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Никоҳ дар намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Тоҷикистон дар хориҷа гаронтар шуд.
Дар ин бора, дар қарори ҷадиди ҳукумати Тоҷикистон гуфта шудааст.
Ҳамин тавр, барои баррасии аризаи сабти никоҳ 20 доллар хироҷи консулӣ ва барои сабту додани шаҳодатномаи никоҳ 30 доллар хироҷи консулӣ ситонда мешавад.
Ин дар ҳолест, ки нархи бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ дар Тоҷикистон ду баробар боло меравад.
Ин навгонӣ бар асоси тағйирот ба қонун дар бораи боҷи давлатӣ, ки ахиран раисҷумҳур имзо кард, амалӣ мешавад.
Ҳамин тавр, барои бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ дар асоси:
аризаи яке аз ҳамсарон ба андозаи 2 нишондиҳанда барои ҳисобҳо,
дар асоси аризаи муштараки ҳамсарон - ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо,
дар асоси ҳалномаи суд - ба андозаи 14 нишондиҳанда барои ҳисобҳо боҷ ситонда хоҳад шуд.
Тағйироти ҷадид як моҳ пас аз нашри расмӣ мавриди амал қарор мегиранд. Айни ҳол як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 75 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, боҷ барои иваз намудани ному насаб дар Тоҷикистон тақрибан як моҳ пас ду баробар боло меравад.