ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Чораи тафтишотӣ нисбати раҳбари Sputnik Озарбойҷон Игор Картавих аз ҳабси пешакӣ ба ҳабси хонагӣ иваз карда шуд.
Дар ин бора мудири гуруҳи расонаҳои байналмилалии “Россия сегодня”, Дмитрий Киселёв иттилоъ дод.
"Раҳбари Sputnik Озарбойҷон Игор Картавих ҳабси пешакӣ ба ҳабси хонагӣ иваз карда шуд. Ӯ ҳоло дар Боку аст", - гуфт Киселёв.
Рӯзи 30 июн мақомоти Озарбойҷон 7 корманди хабаргузории Sputnik Озарбойҷон, бахше аз гурӯҳи расонаҳои “Россия сегодня” -ро беасос боздошт карданд.
Раҳбари ҳайати таҳририяи Sputnik Озарбойҷон Игор Картавих ва сардабири хабарнигори Sputnik Озарбойҷон Евгений Белоусов барои чаҳор моҳ боздошт шуданд.
Дирӯз, соати 9:30 саҳар Гурӯҳи расонаҳои “Россия сегодня” аз мақомоти Озарбойҷон даъват кард, ки кормандонро раҳо кунанд ва вазъияти номақбулро фавран ҳал намоянд.