Сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон

Путин сарони ИДМ-ро аз натиҷаҳои музокирот дар Аляска огоҳ мекунад

Президенти Русия Владимир Путин дар бораи натиҷаҳои музокирот бо раисиҷмуҳури ИМА Доналд Трамп дар Аляска ба сарони кишварҳои ИДМ нақл хоҳад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Путин гуфт, ҳамтоён аз ИДМ-ро аз натиҷаҳои музокирот дар Аляска ва иқдоми минбаъда дар масъалаи Украина огоҳ хоҳад кард.
Раҳбари Русия зимни суханронӣ дар нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар шаҳри Душанбе ҳамаи ширкаткунандагонро ба нишасти анъанавии солинавӣ дар Санкт-Петербург даъват кард.
“Ман хеле шод мешудам, ки дар охири соли ҷорӣ шуморо дар Русия, дар Санкт-Петербург, дар мулоқоти ғайрирасмиамон бубинам", - гуфт Путин.
Кишвардори Русия гуфт, мехоҳад дар ин дидор дар бораи натоиҷи музокирот бо амрикоиҳо дар Анкориҷи Аляска дар мавриди ҳалли вазъ дар Украина муфассалтар маълумот диҳад.
"Албатта, мо кори минбаъдаи худро барои ҳалли низоъ дар Украина ба принсипҳои бунёдие, ки дар Аляска баррасӣ кардем, асос хоҳем дод", - гуфт резиденти Русия Владимир Путин дар нишасти сраони ИДМ дар Душанбе.
Музокироти Путин ва Трамп дар Аляска
Занги Путин ба Раҳмон: Аз баррасии мулоқот бо Трамп то сафараш ба Тоҷикистон
Рӯзи 15 август президенти Русия Владимир Путин ва президенти ИМА Доналд Трамп дар Аляска гуфтугӯ карданд.
Роҳбарон дар пойгоҳи низомии Элмендорф-Ричардсон дар Анкориҷ музокирот анҷом доданд. Президентҳо роҳҳои ҳалли муноқишаи Украинаро баррасӣ карданд. Ҳарду раҳбар ин мулоқотро мусбат арзёбӣ намуданд
Раисиҷумҳури Русия дар пайи ин нишаст изҳор дошт, ки имкони ҳалли низоъ дар Украина вуҷуд дорад ва ба манфиати Русия ба ҳалли дарозмуддат таъкид кард.