ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Кишвардори Русия Владимир Путин зимни суханронии худ дар нишасти кишвардорони ИДМ масъалаҳои амният ва ҳамкории ИДМ-ро баррасӣ намуда аз пешравҳои Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё гуфт.
Дарҳои бози ИИАО
Дарҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё - ИИАО ҳамеша бозанд, ширкат дар ин иттиҳодия муфид мебошад, гуфт Путин.
Президент дар идомаи суҳбаташ сабаби ташкили ИИАО -ро гуфт.
Путин гуфт, ИИАО барои он ташкил шуд, ки дар доираи ИДМ на ҳамеша механизмҳои мақбул барои ҳама пайдо карда мешуданд.
"Дар доираи ИИАО кишварҳои узв ба таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ҳозир шуданд ва созмон ташкил гардид, изҳор дошт раисҷумҳури Русия дар ҳамоиши сарони ИДМ дар Душанбе".
Дар баробари ин, президенти Русия қайд кард, ки Узвият дар ИИАО бозорҳои бештар мекушояд.
Раисҷумҳури Русия афзуд, ки ин созмон шароити бештар барои кооператсияро фароҳам меораду муфид мебошад. Вай аз Арманистон мисол овард, ки сарфи назар аз конюнктураи хос ҳаҷми тиҷорат бо он тамоюли афзоиш дорад.
Дигар изҳорот аз суханронии президенти Русия Владимир Путин:
Тақрибан ҳамаи ҳисоббаробаркуниҳо дар кишварҳои ИДМ бо пули миллӣ сурат мегиранд,
Мубориза алайҳи терроризм, фасоду ифротгароӣ дар ИДМ идома ёфта ҳифзи марзу тақвияти ҳамкориҳои низомӣ таҳким дода шавад,
Маскав аз ҳамаи санадҳое, ки ба ин бахшҳо равона шудаанд, пуштибонӣ мекунад.
Таҳкими ҳамкории ИДМ бо СҲШ зарур аст,
Раисҷумҳури Русия аз ташаббуси додани мақоми нозир ба СҲШ дар назди ИДМ зикр намуд.
Путин роҳбарони ИДМ-ро ба Русия даъват намуд,
Роҳбарӣ дар ИДМ аз Тоҷикистон ба Туркманистон мегузарад,
Путин ба ҳамтои туркманаш фаъолияти пурсамарро дар аҳди роҳбарӣ дар созмон таманно кард.
Лебедев дигарбора ба мақоми дабири кулли ИДМ интихоб шуд.
Раисҷумҳури Русия изҳор дошт, ки фаъолияти пурсамари Лебедев дар мақоми дабири кулли ИДМ баёнгари он мебошад, ки ӯ барои идомаи фаъолият дар ин мақом сазовор мебошад.
Раисҷумҳури Русия изҳор дошт, ки фаъолияти пурсамари Лебедев дар мақоми дабири кулли ИДМ баёнгари он мебошад, ки ӯ барои идомаи фаъолият дар ин мақом сазовор мебошад.
Дар Душанбе нишасти раҳбарони кишварҳои ИДМ ҷараён дорад.
Ҷаласаи Шӯро таҳти раёсати раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки соли 2025 раёсати ИДМ-ро бар ӯҳда дорад, баргузор мешавад.
Аз 1 январи соли ҷорӣ раёсати ниҳодҳои Иттиҳод ба Тоҷикистон гузашт ва Русия ва Туркманистон ҳамраис шуданд.