Сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон бо медал мукофотонида шуд

Маросими эътои ҷоиза ба раҳбари Тоҷикистон дар ҳошияи нишасти сарони ИДМ бо ҳузури раҳбарони кишварҳои муштаракулманофеъ баргузор гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали “Барои хизматҳо дар рушди ҳамкориҳои башардӯстона” қадрдонӣ шуд.
Маросими эътои ҷоиза дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ бо ҳузури раҳбарони ИДМ баргузор гардид.
Ҷоизаро ба раҳбари Тоҷикистон намояндаи вижаи раиси ҷумҳури Русия дар умури ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангӣ ва ҳамраиси раёсати Хазинаи байнидавлатии ҳамкориҳои башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ, Михаил Швидкой супурд.
"Бо қарори Шӯрои ҳамкориҳои башардӯстонаи ИДМ ва Раёсати Хазинаи байнидавлатии ҳамкориҳои башардӯстонаи ИДМ мо ифтихор дорем, ки медали рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ ва гуманитарии ИДМ -ро ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон месупорем", - қайд кард Швидкой.
Специальный представитель президента РФ по международному культурному сотрудничеству Михаил Швыдкой вручает президент Таджикистана Эмомали Рахмону медаль "За заслуги в развитии гуманитарного сотрудничества" на заседании совета глав государств СНГ в расширенном составе в Душанбе.
Раҳмон дар суханронии ҷамъбастӣ ба ХБҲБ ИДМ барои баҳои баланд ба дастовардҳои ӯ изҳори сипос намуда, таъкид дошт, ки ин ҷоизаро эътирофи баланди саҳми тамоми мардуми Тоҷикистон дар рушди робитаҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ дар доираи ИДМ медонад.
Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор шуд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар нишасти густурдаи ин созмон эълом дошт, ки раёсати ИДМ дар моҳи январи соли 2026 ба Туркманистон мегузарад.
Сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон
Изҳороти муштараки Путин ва Раҳмон: Матни пурра
Сарони кишварҳои муштаракулманофеъ тасмим гирифтанд, ки формати “ИДМ плюс” таъсис дода, ба Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар чорчӯби ИДМ мақоми нозир диҳанд.
Санади дахлдор рӯзи ҷумъа дар Душанбе дар пайи нишасти сарони кишварҳои ИДМ ба имзо расид.
Ҳамчунин қарорҳои “Дар бораи Консепсияи ҳамкориҳои ҳарбии кишварҳои узви ИДМ то соли 2030”, “Дар бораи дабири кулли ИДМ”, ки боз Сергей Лебедев ба ин вазифа таъин шуд ва изҳороти сарони кишварҳои ИДМ дар робита ба 40-солагии фалокати умумии Чернобил – ҳуҷҷатҳои 19-ум аз ҷумлаи ҳуҷҷатҳои қабулшуда буданд.