Сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон

Русия ва Тоҷикистон бастаи санадҳои ҳамкорӣ имзо карданд: рӯйхат

Дар Душанбе музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Раисиҷумҳурони Русия ва Тоҷикистон Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон изҳороти муштаракро дар бораи таъмиқи муносибатҳои шарики стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия имзо карданд.
Дар ин бора хабарнигори Sputnik Тоҷикистон аз Қасри Миллат, ки мулоқоти расмии ду раҳбар дар чорчӯби сафари давлатии Путин ба Тоҷикистон баргузор шуд, хабар дод.
Дар пайи мулоқоти Путин ва Раҳмон дар Душанбе санадҳои зерин ба имзо расиданд:
Нақшаи чорабиниҳо оид ба афзоиши ҳаҷми савдои мутақобила миёни Тоҷикистон ва Русия барои солҳои 2025-2030;
Созишномаи сармоягузорӣ миёни Тоҷикистон ва Консорсуми гурӯҳи ширкатҳои БТК оид ба амалисозии лоиҳаи ташкили кластери саноати сабуки гурӯҳи ширкатҳои БТК дар Тоҷикистон;
Созишнома дар бораи мақоми ҳуқуқии намояндагиҳои мақомоти салоҳиятдор оид ба масъалаҳои корҳои дохилӣ ва муҳоҷират дар Тоҷикистон ва Русия;
Созишнома бораи муоинаи тиббии шаҳрвандони Тоҷикистон барои ворид шудан ба ҳудуди Русия бо мақсади кор;
Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор дар ҳудуди Русия аз 17 апрели соли 2019;
Созишнома дар бораи ҳамкорӣ миёни Гвардияи миллӣ ва Хадамоти федералии қӯшунҳои Гвардияи миллии Русия;
Созишнома миёни Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезия ва Хадамоти федералии бақайдгирии давлатии Русия оид ба ҳамкорӣ бо мақсадҳои рушд ва ғанӣ гардонидани Геопортали инфрасохтори маълумоти фазоии давлатҳои иштирокчии ИДМ;
Харитаи роҳ оид ба ҳамкориҳо дар самти нақлиёт барои солҳои 2025-2030;
Ёдошти тафоҳум дар самти мубориза бар зидди вабо;
Ёддошти тафоҳум миёни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва Вазорати маорифи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, таълими касбии дахлдори иловагӣ ва таълими касбӣ;
Харитаи роҳ миёни Вазорати саноат ва Корпоратсияи давлатии энергияи атомии Росатом оид ба татбиқи санҷиши пешазлоиҳавии радиатсионӣ ва тадқиқоти партовгоҳи Деҳмой дар Тоҷикистон ва таҳияи асосҳои молиявии иқтисодии безараргардонии он;
Ёддошти тафоҳум миёни Хадамоти назорати давлатии тандурустии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии назорат дар соҳаи тандурустии Русия;
Ёддошти тафоҳум миёни Хадамоти алоқаиТоҷикистон ва Хадамоти федералии назорати алоқаи Русия;
Созишномаи сармоягузорӣ миёни Ҳукумати Тоҷикистон, КВД Коргоҳи мошинасозии назди Вазорати саноат ва шахси ҳуқуқии ваколатдори Русия оид ба таъсиси Парки саноатии Тоҷикистон ва Русия.
Созишномаи ҳамкорӣ миёни Агентии хизмати давлатии назди Президент ва Академияи русиягии хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди президенти Русия.
Президенти Русия Владимир Путин бо як сафари давлатӣ дар Тоҷикистон қарор дорад.
Дар ин сафар ӯро як ҳайъати бузурги раҳбарони вазорату идораҳо ва намояндагони тиҷорат аз Русия ҳамроҳӣ мекунанд.
Сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон
Муҳоҷират, амният ва иқтисод: нуқоти асосӣ аз иҳзороти Раҳмон пас аз мулоқот бо Путин
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 10 октябр дар Душанбе нишасти сарони кишварҳои ИДМ баргузор мешавад, ки дар он роҷеъ ба рушди ҳамкориҳои кишварҳои узв қарорҳои муҳим қабул хоҳанд шуд.
Ҳамзамон дар ҳамин рӯзҳо мулоқоти сарони давлатҳо дар шакли "Осиёи Марказӣ - Русия" низ баргузор мешавад.