Сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон

Бо қолини сурх: Путинро дар Душанбе чӣ гуна пешвоз гирифтанд? Гузориши аксӣ

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин бо нахустин сафари давлатӣ дар Тоҷикистон қарор дорад. Дар гузориши аксии мо бубинед, ки чӣ гуна президенти Русияро Эмомалӣ Раҳмон пешвоз гирифт
Sputnik
1 / 17

Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба нишони эҳтироми баланд меҳмони олимақомро гарму самимӣ истиқбол гирифт.

2 / 17

Ба хотири ташрифи давлатии меҳмон майдони фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо парчамҳои давлатии ду кишвар, аксҳои сарони давлатҳо ва шиорҳои тараннумгари дӯстии мардумони ду кишвар оро ёфта буд.

3 / 17

Барои истиқбол роҳрави сурх густурда шуда, сарбозони горди фахрӣ аз ду тарафи роҳрав саф оростанд.

4 / 17

Қабл аз ин, сарвари Русия баробари ворид шудан ба Тоҷикистон бар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, ки бунёдгузори нахустин давлати тоҷикон маҳсуб мешавад, гул гузошт.

5 / 17

Зимни суҳбати кӯтоҳи дар фурудгоҳ баргузоршуда, сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин доир ба барномаи сафари давлатӣ, иштирок дар Ҳамоиши Осиёи Марказӣ-Русия ва Ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил табодули андеша намуданд.

6 / 17

Президентҳои Русия ва Тоҷикистон Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон дар боғи ботаникӣ зиёфати ғайрирасмӣ баргузор карданд.

7 / 17

Кишвардори Русия ба ҳамтои тоҷики худ як нашрияи нодиреро дар бораи тоҷикон ҳадя кард. Путин қайд кард, ки ин китоб ҳамагӣ 25 нусха нашр шудааст ва ӯ "нусхаи рақами як"-ро ба Душанбе овардааст.

8 / 17

Раҳмон тӯҳфаро "беҳтарин" унвон кард. Гузашта аз ин, президенти Русия ба ҳамтои тоҷики худ расми “Дӯстони тоҷик”-и рассоми импрессионисти шӯравӣ Макс Бирштейнро ҳадя кард.

9 / 17

Зимни сайру гашт Путинро дарахте дар боғи ботаникии Душанбе ба худ ҷалб кард. Мутахассиси маҳаллӣ ба раисиҷумҳури Русия гуфт: "Ин як дарахти тропикӣ аст, ки дар Африқо ва Осиёи Марказӣ мерӯяд".

10 / 17

Маросими истиқболи расмии президенти Русия дар майдони назди Қасри Миллат баргузор шуд.

11 / 17

Президентҳо бо ҳайати ҷонибҳо дастфишорӣ карданд.

12 / 17

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар мулоқоти Русияву Тоҷикистон дар Қасри Миллат дар Душанбе ширкат мекунад.

13 / 17

Президенти Русия Владимир Путин дар музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Русия.

14 / 17

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар маросими табодули асноди имзошуда дар Қасри Миллат.

15 / 17

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ маросими имзои санадҳои дуҷониба баргузор гардид, ки дар ҷараёни он 15 санади нави байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба имзо расид.

16 / 17

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ва раисиҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев зимни мулоқот дар қароргоҳи ҳукумат дар Душанбе.

17 / 17

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар маросими аксгирии сарони давлатҳои ширкаткунанда дар нишасти дуввуми Русия ва Осиёи Марказӣ дар қароргоҳи ҳукумат дар Душанбе.