ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Киев дар ҳоли ҳозир ба раванди сулҳ майл надорад.
Онҳо фикр мекунанд, ки чизе дар хатти ҷабҳа тағйир хоҳад ёфт, аммо воқеият баръаксро нишон медиҳад, гуфт котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков, гузориш медиҳад РИА Новости.
"Ба таври возеҳ аз аврупоиҳо илҳом гирифта, онҳо ҳоло ба ҳеҷ гуна раванди сулҳ майл надоранд. Онҳо фикр мекунанд, ки дар хатти ҷабҳа чизе тағир хоҳад ёфт ва ба як динамикаи мусбат мегузаранд. Воқеият баръаксро нишон медиҳад", - гуфт Песков ба хабарнигорон.
Ин дар ҳолест, ки пештар муовини вазири умури хориҷаи Русия Сергей Рябков гуфт, ангезае, ки мулоқоти раисҷумҳурҳои Русия ва Амрико дар Аляска барои созиши Украина дода буд, бо талошҳои аврупоиҳо тамом шуд.
"Такони пурқуввате, ки дар Анкориҷ ба нафъи созишҳо ба вуҷуд омад, асосан бо талошҳои мухолифон ва ҷонибдорони ҷанг тамом шуд. <...> Ин натиҷаи фаъолияти харобиовари пеш аз ҳама аврупоиҳост, ки мо дар бораи онҳо ошкоро ва мустақим ҳарф мезанем", - гуфт ӯ.
Амалиёти вижаи Русия дар Украина
Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд”.
Ба гуфтаи ӯ, барои ноил шудан ба ин ҳадаф "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс пешбинӣ шудааст. Дар посух кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия таҳримҳои густурда ҷорӣ карданд.