Нерӯгоҳҳои атомӣ 20% -и ҳаҷми умумии нерӯи барқро дар ИИАО тавлид мекунанд

Кожошев изҳор дошт, ки карбогидридҳо аҳамияти стратегии худро нигоҳ медоранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Афзоиши масрафи энергия ва инқилоби технологӣ гузариши ҷаҳонии энержиро суръат мебахшад.
Дар ин бора, вазири энергетика ва инфрасохтори Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Арзибек Кожошев изҳор дошт.
Вай дар ин бора дар нишасти стратегии "Гузариши глобалии энержӣ ва карбогидридҳо: дарёфти тавозун", ки дар Остона дар чорчӯби 16-умин Форуми АвруОсиёии Kazenergy баргузор шуд, изҳорот додааст.
"Тибқи арзёбиҳои коршиносон, то соли 2050 ҳиссаи манобеъи барқароршавандаи энержӣ ва энержии атомӣ дар тавозуни ҷаҳонии энержӣ метавонад аз 27% то 35% афзоиш ёбад. Ин тамоюли ҷаҳонӣ дар кишварҳои узви ИИАО низ зуҳур мекунад", — гуфт Кожошев.
Ҳозир нерӯгоҳҳои амтомӣ тақрибан 20% -и ҳаҷми умумии истехӯҳсоли қувваи барқи ИИАО - ро ташкил медиҳанд, қайд кард вазир.
Ҳаҷми тиҷорати хориҷии ИИАО ба 800 миллиард доллар наздик шуд
Онҳо дар соҳаи энержии Арманистон, Белорус ва Русия мавҷуданд. Қазоқистон ба наздикӣ қарор дод, ки нерӯгоҳи атомӣ созад.
Дар маҷмӯъ, рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар ИИАО барои дарозмуддат ба нақша гирифта шудааст, таъкид кард Кожошев.