ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Русия ҳамкориҳои ҳамаҷониба бо Тоҷикистони дӯстро идома медиҳад.
Дар ин бора сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова, дар брифинги пеш аз сафари давлатии президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон изҳор дошт.
"Мо минбаъд низ ҳамкориҳои ҳамаҷонибаро бо Тоҷикистон тавсеа хоҳем дод, ки ин омили муҳими ноил шудан ба ҳадафҳои бузурге, ки роҳбарияти ҷумҳурӣ барои рушди минбаъдаи иҷтимоию иқтисодии он ба миён гузоштааст, мебошад", - қайд кард дипломат.
Вай таъкид кард, ки Маскав пайваста бо Душанбе барои тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла энержӣ, кишоварзӣ, нақлиёт, муҳити зист ва ғайра кор мекунад.
Сафари Путин ба Тоҷикистон рӯзи 8 октябр оғоз мешавад. Ин як сафари давлатӣ буда, дар протоколи дипломатӣ сатҳи олӣ ба шумор меравад.
Барнома шоми имрӯз бо гузоштани гулчанбар бар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, ки бунёдгузори нахустин давлати тоҷикон маҳсуб мешавад, оғоз мегардад.
Пасон зиёфати ғайрирасмии ду президент, Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад.
Субҳи рӯзи панҷшанбеи 9 октябр дар Қасри Миллати Душанбе маросими расмии истиқбол бо муаррифии ҳайатҳои ду кишвар ва аксбардории муштарак баргузор мешавад.
Путинро дар Душанбе як ҳайати баландпоя ҳамроҳӣ мекунад. Ҳайат беш аз 20 нафар, аз ҷумла ду муовини сарвазир Алексей Оверчук ва Марат Хуснуллинро дар бар мегирад.