ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Ин рӯйдоди калидӣ дар ҳоле ба вуқуъ мепайвандад, ки равобити стратегии дуҷониба бо убур аз шебу фарозҳои вазъи минтақаву ҷаҳон, вориди як марҳалаи ҷадид мешавад.
Аҳамияти махсус барои Тоҷикистон
Коршиносони тоҷик мегӯянд, дар умури иқтисодӣ Русия ҳамоно як шарики бебадил барои Тоҷикистон тасбит шудааст ва дар навбати худ Тоҷикистон аз шарикони боэътимоди Русия барои таъмини амният дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.
Коршинос дар умури байнулмилал Нурулло Ҳусейнов, мегӯяд, ду кишвар аз лиҳози иқтисодӣ ва амниятӣ барои якдигар ғайриқобили иваз боқӣ мондаанд, ки барои ҳарду аҳамияти ҳаётӣ доранд.
"Тоҷикистон амалан “қалъаи ҷанубӣ” ва мизбони пойгоҳи 201, бузургтарин пойгоҳи низомии хориҷии қудрати ҷаҳоние ба монанди Русия аст. Ин пойгоҳ собит кардааст, ки зомини амнияти на фақат Тоҷикистон, балки кулли минтақа ва Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ ба шумор меояд. Хатарҳо ба истиқлоли кишварҳо ҳанӯз вуҷуд доранд ва пойгоҳи русӣ аҳамияти вижаи худро ҳифз мекунад", - гуфт Нурулло Ҳусейнов.
Вай афзуд, дар навбати худ, Русия шарики аслии тиҷорӣ ва мизбони беш аз 600 ҳазор муҳоҷири меҳнатии Тоҷикистон аст, ки ба баракати маболиғи онҳо на фақат иқтисод, балки аксарияти кулли хонаводаҳои кишвар мустақим сармоягузорӣ мешавад.
“Як далели умдаи маҳбубияти хоси Русия, дар қиёс бо дигар қудратҳое, ки дар ин кишвар мехоҳанд ҷойи по кунанд, ва ҳам адами падида ё руҳияи русситезӣ, ки дар кишварҳои собиқ Шӯравӣ, зуҳур кардааст, маҳз ҳамин воқеият аст. Дар сатҳи давлатӣ самти Русия дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон низ аҳамияти калидӣ дорад. Шумо ҳеҷ як аз мақомоти давлатӣ, ҳатто коршиноси тоҷикро пайдо намекунед, ки алайҳи Русия садо баланд карда бошад”, - гуфт коршинос.
Тибқи иттилои расмӣ, гардиши тиҷорӣ миёни Русияву Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2025 аз марзи 1,4 млрд доллар ё 14% бештар дар муқоиса бо давраи мушобеҳ дар 2024, таҷовуз карда, ду кишвар ҳадди 4.75 млрд доллар то соли 2030-ро тарҳ кардаанд.
Рақами интиқоли маболиғи муҳоҷирини меҳнатӣ аз Русия ба Тоҷикистон на аз сӯи мақомоти Русия ва на ҳам Тоҷикистон солҳои ахир эълон намешавад, аммо бино ба додаҳои Бонки ҷаҳонӣ, ин рақам 45% - и тавлиди нохолиси дохилии Тоҷикистонро ташкил мекунад.
"Самти афғонӣ"
Иддаи дигар аз коршиносони тоҷик мегӯянд, воқеиятҳои ҷадид дар минтақа, бахусус шиддат гирифтани рақобатҳои геополитикӣ миёни қудратҳои бузург, ду муттаҳиди деринаро дар пешорӯи чолишҳо ва фурсатҳои ҷадид қарор медиҳад. Сарусадоҳо дар бораи бозгашти Амрико ба Афғонистони толибонӣ, ки беш аз 20 созмони террористиро паноҳ додааст, аз ҷиддитарини ин чолишҳост.
Фирдавс Ҷалилов, коршинос дар умури амниятӣ, мегӯяд, Русия бо эътирофи расмии Толибон дарвозаи дигареро барои ҳамкориҳои минтақаӣ боз кард ва он гуна ба назар мерасад, Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа низ бо тасмими Русия мувофиқ ҳастанд.
“Ин як воқеияти ҷадид аст, ки аз як сӯ Русия ва минтақаро барои ҳалли буҳрони Афғонистон ҷазб кунад, аз сӯи дигар, рақибони фароминтақаии Русияро ноором мекунад ва онҳо талош мекунанд ин тарҳро барҳам зананд. Толибон* як оташ ҳастанд, ки агар бо онҳо дуруст кор шавад, хонаро гарм мекунанд ва агар на, онро хоҳанд сӯхт”, - гуфт Фирдавс Ҷалилов.
Вай афзуд, Тоҷикистону Русия интизор меравад, ки бо истифода аз нуфузи худ як раванди музокироти сулҳи миёнафғониро пиёда созанд ва дар ниҳоят ба ҷанг дар ин кишвари ҷангзада хотима бахшанд.
“Толибон ҳам барои бақои хеш ба чунин ҳамкороне ниёз доранд, ки воқеан, хайри Афғонистонро хоҳанд”, - гуфт коршинос.
Вай афзуд, Маскав ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ниёз дорад, чун бо назардошти баста шудани роҳҳои тиҷорӣ ба Ғарб, масирҳои амн ва ҷадид дар ҷануб аҳамияти стратегӣ пайдо мекунанд.
"Мавзуъи дарднок"
Мавзӯи дигари муҳими баҳси Путин ва Раҳмон масъалаи муҳоҷират хоҳад буд. Доираҳои сиёсии Русия ва Тоҷикистон борҳо аз талошҳои Ғарб барои “барангехтани монеа” миёни ду кишвари дӯст бо истифода аз ин масъала таъкид кардаанд.
Бархе аз коршиносон низ ба мушкили шадиди муҳоҷирати корӣ дар Русия ишора карда, аз талошҳои кишварҳои бегона барои ноором кардани равобити Маскав ва Душанбе бо истифода аз ин мавзӯъ ёдовар мешаванд.
"Ғарб солҳо талош кард, ки дар Тоҷикистон падидаи русситезиро ба вуҷуд орад, миллионҳо доллар харҷ кард, аммо муваффақ нашуд. Аммо ҳоло дар Русия, гумон мекунам, “сутуни панҷум" – и он кишвар даст ба кор шуда, мехоҳад русситезиро аз худи Русия “содир кунад”, - гуфт коршиноси аршад дар умури минтақа Музаффар Олимов.
Вай афзуд, дар Тоҷикистон ҳеҷ кас равобити ҳасана бо Русия ва авлавияту билоивазии ин кишвар барои Тоҷикистонро ба далоили маълум ҳатто таҳти суол қарор намедиҳад, аммо дойираҳое дар дохили Русия мехоҳанд ин равобитро барҳам зананд.
"Гумон меравад, Ғарб аз тариқи "сутуни панҷум" равобити ду кишварро хароб карда, ҳам амнияту суботи Осиёи Марказиро барҳам занад ва ҳам ҳузури Русия дар минтақаро заиф созад", - гуфт коршинос.
Ин ки дар сафари давлатии Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, ба Тоҷикистон ду шарики стратегӣ чӣ аснодро ба имзо мерасонанд ва ба чӣ пешравиҳо даст хоҳанд ёфт, то замони омода шудани ин гузориш ҳеҷ маълумоти расмӣ ироа нашудааст, аммо аз он чӣ коршиносон мегӯянд, мешавад пешбинӣ кард, ки ҷаласаҳои миёни ҳайатҳои ду кишвар хеле доғ хоҳанд шуд.
* - созмон барои фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад