Коршиносони БАОР аз рушди босуръати иқтисодӣ дар Тоҷикистон хабар доданд

Таҳлилгарони ин бонк бар ин назаранд, ки нишондодҳои иқтисодии кишвар бо талаботи дохилӣ ва ҳам берунӣ таъмин шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Иктисодиёти Точикистон бо суръат рушд дорад.
Дар ин бора дар шарҳи ҳарҳафтаинаи макроиқтисодии Бонки Рушди АвруОсиё гуфта шудааст.
Тибқи гузориш, дар моҳҳои январ-августи соли 2025 тавлидоти саноатӣ дар кишвар 23,5% афзоиш ёфтааст.
Таҳлилгарони БАОР инчунин бахшҳои калидиро муайян карданд, ки афзоиши бештарро нишон додаанд.
Саноати истихроҷ суръати баландтарини афзоишро нишон дод, ки нисбат ба соли гузашта 70% афзоиш ёфтааст.
Сипас соҳаи Энергетика (нисбат ба як сол 11% зиёд) меравад. Истеҳсолот низ афзоиш нишон додааст. Нисбат ба як соли гузашта 6,1% афзоиш ёфтааст.
Коршиносони бонк таъкид мекунанд, ки ин афзоиш аз ҳисоби ҳам талаботи дохилӣ ва берунӣ таъмин гардидааст.
Суръати рушди иқтисодиёт дар кишварҳои ИИАО аз нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ баландтар аст
Таҳлили макроиқтисодӣ нишон медиҳад, ки ҳаҷми фурӯши чакана 12,1% ва сармоягузорӣ 20,9% афзуда, талаботи дохилиро таъмин намудааст.
Ҳамчунин нишондиҳандаҳои содирот низ афзоиш ёфтааст ва дар муқоиса ба соли гузашта 29,3%.
БАОР қаблан омилҳои ҷилавгирӣ аз таваррум дар Тоҷикистонро муайян карда буд.
Бар асоси гузориш, ин омилҳо нархи мӯътадили колоҳои воридотӣ, пеш аз ҳама неруи барқ ​​ва суботи пули миллӣ будааст.