ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Тавофуқномаи тиҷорати озоди миёни Эрону Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё - Русия, Қазоқистон, Беларус, Арманистону Қирғизистон – қаблан ба иҷро даромадааст .
Тавре хабаргузории “Меҳр” хабар додааст, дар чорчӯби иҷрои ин тавофуқнома беш аз 7000 колои эронӣ ҳазфи тарофаи гумрукии қарор гирифтаанд.
Қайд карда шудааст феҳристи колоҳо ба ниҳодҳо ва соҳибкорон ироа шудааст.
Содиркунандагон лозимаст ин гувоҳиро дар асноди тиҷории худ дарҷ карда ва ҳангоми содироти коло ба кишварҳои узв, ироа диҳанд.
Пас аз татбиқи шароити коло бо мафоди тавофуқномаи марҳала ниҳоӣ дарёфт гувоҳӣ мабда аз утоқҳои бозаргонии саросар кишвар аст, ки ин аз он шаҳодат медиҳад, ки беш аз 50% арзиши афзудаи коло дар Эрон тавлидшуда ва машмӯли тарофа тарҷеҳӣ аст.
Ёдовар мешавем, ки мақомоти Эрон чанде пеш аз афзоиши 20 дарсадии содироти Эрон ба АвруОсиё хабар дод.
Ба гуфтаи мақомоти ин кишвар афзоиши содирот як ин фурсати тиллоест, ки метавонад нақши муҳимме дар рушди тиҷорати хориҷии Эрон ва ҷаҳиши тавлид дошта бошад.